Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини Эрон аз раҳпаймоӣ даст кашиданд


Раҳбарони мухолифин Эрон аз ташкили раҳпаймоӣ дар солрӯзи интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи июни соли гузашта даст кашиданд. Мирҳусайни Мӯсавӣ ва Меҳдӣ Каррубӣ, зимни баёнияе гуфтанд, иҷозаи расмӣ барои баргузории тазоҳуротро ба даст наовардаанд, аз ин рӯ “ба хотири ҳифзи ҷону моли мардум, раҳпаймоии пешбинишуда баргузор нахоҳад шуд”. Ҷунбиши Сабзи Эрон умедвор буд, бо гузашти як сол аз интихоби дигарбораи Маҳмуди Аҳмадинажод ба мақоми раиси ҷумҳури Эрон, тарафдоронашро ба хиёбонҳо кашида ва мухолифаташ ба натиҷаҳои интихоботро нишон диҳад, ки ба гуфтаи мухолифин олуда ба тақаллуб будааст. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, тасмими мухолифин Эрон барои лағви раҳпаймоии зиддиҳукуматиро “мояи таассуф” хонд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG