Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон муфтии нав интихоб кард


Кумитаи муваққати мусулмонони Қирғизистон Русланбек Ҷумъагулов, як рӯҳонии шинохта аз шимоли кишварро муфтии нав интихоб кард, ки саввумин муфтӣ дар ду моҳи ахир аст. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Русланбек Ҷумъагулов, қозии минтақаи Чуй, Суюнҳоҷӣ Қулуев, муфтии муваққати Қирғизистонро иваз кард, ки ахириро рӯзи якшанбеи гузашта афроди номаълум башиддат латукӯб карданд. Муродалӣ Ҳоҷӣ Ҷумонулу, муфтии пешини Қирғизистон баъди шӯридани мардум ба зидди ҳукумати Қурмонбек Боқиев дар моҳи апрел аз мақомаш истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG