Пайвандҳои дастрасӣ

Ба зиндон маҳкум шудани як пирамарди 80-солаи рус


Як шаҳрванди 80-солаи Русияро ба якуним соли зиндони шартӣ маҳкум кардаанд, зеро ба гуфтаи додгоҳ, ӯ аз роҳи фиреб аз имтиёзҳои собиқадорони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум баҳра бурдааст. Ба гузориши бахши тоторӣ ва бошқирдии Радиои Озодӣ, додгоҳb минтақаи Волга собит кардааст, Борис Макаров аз ноҳияи Шумерляи Ҷумҳурии Чувашия соли 1946 санадҳои тақаллубӣ оид ба ширкат дар ҷанг ба зидди Олмони фашистиро ба даст оварда ва аз соли 1962 ба ин сӯ мисли собиқадорони ҷанг аз имтиёзҳои фаровони давлатӣ истифода бурдааст. Ба гуфтаи додгоҳ, Борис Макаров бо ин кораш ба буҷаи давлат 16 ҳазор доллар зиён овардааст.
XS
SM
MD
LG