Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалли масъалаи вагонҳои ҳомили бори Тоҷикистон аз интизориҳои мардуми Тоҷикистон аст, ки имкон дорад, дар гуфтугӯҳои дуҷонибаи Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд ҳал шавад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз барои ширкат дар иҷлоси сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой вориди Тошканд – пойтахти Узбакистон шуд ва интизор меравад бо ҳамтои узбакаш дар мавриди ихтилофоти назар миёни ду кишвар гуфтугӯ анҷом диҳад.
Мавзӯи эҷоди монеа дар транзити колоҳо аз тариқи роҳи оҳан аз сӯи Узбакистон дар чанд моҳи охир идома дорад. Ин монеасозиҳои Узбакистон аз замони имзои санаде миёни Бонки ҷаҳонӣ ва давлати Тоҷикистон дар бораи тарҳрезии барномаи фанниву зистмуҳитӣ ва эъломи тасмими ташкили консорсиюми байнулмилалӣ барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун шурӯъ шуда буд.

Ҳайати Тоҷикистон дар раъси муовини нахуствазир дар Тошканд натавонистанд ба ҳалли ин мушкил даст ёбанд. Зеро ба қавли бархе аз коршиносон, талаби Тошканд гуфтугӯ дар сатҳи олӣ буд. Ба ин далел мардуми Тоҷикистон, ки имрӯз қариб дар инзиво қарор доранд, аз мулоқоти раисони ҷумҳури ду кишвар интизориҳои зиёдеро чашмдоранд.

Гиреҳи мухолифатҳои Душанбе ва Тошканд

Раҳмон Улмасов, муовини раиси Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ин интизориҳоро воқеияти рӯз медонад. Ба гуфтаи вай, эътирозҳои ахири тоҷикони бурунмарзӣ алайҳи манъи қаторҳои Тоҷикистон ва эътирозҳои ниҳодҳои зистмуҳитии Узбакистон дар муқобили корхонаи Талко ба мухолифати Тошканд ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун гиреҳ хурдааст.

Ҷаноби Улмасов мегӯяд, агар мулоқоти дуҷониба ба ҳалли мушкили транзит даст наёбад, бояд муаммоҳои кушоиши гиреҳи мухолифатҳоро кушояд. Вай афзуд, «барои мисол баҳсе, ки дар конфронси байнулмилалии «Об барои ҳаёт» дар Душанбе миёни намояндагони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон ба вуҷуд омад, шаҳодати он аст, ки замони ба гуфтугӯ нишастан сари ин масъала расидааст. Зеро ин масъала аз қаламрави ҳаду кишвар хориҷ шуда, то ба Созмони ҳамкорӣ ва амнияти Аврупо, СММ ва Иттиҳоди Аврупов ва Амрико расидааст».

Мавқеъгирии Иттиҳоди Аврупо

Ин дар ҳолест, ки Эмрӣ де Монтескю, намояндаи раисиҷумҳури Фаронса, дар ҷараёни дидору гуфтугӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки соири кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мухолифи ҳар навъ муҳосираи иқтисодӣ ҳастанд ва ин иқдоми Узбакистонро намепазиранд. Ҷаноби Монтескю афзуд, Тоҷикистонро зарур аст роҳҳои алтернативии транзитиро бунёд кунад.

Дар баҳси конфронси байнулмилалии об намояндаи Узбакистон гуфт, мо ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар сурате мухолиф нахоҳем буд, агар Тоҷикистон тазмини бехатарии садди ин нерӯгоҳ дар сурати зилзиларо бидиҳад ва эътимод аз сӯи экспертизаи байнулмилалӣ ироа шавад.

"Фарҳод" - решаи ихтилофоти ду кишвар?

Аммо ба гуфтаи Давлат Усмон, собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон ва коршиноси минтақа, мухолифати Узбакистон ба Тоҷикистон собиқаи беш аз 20-сола дорад ва ба даврони азҳампошии Шӯравӣ ва таъини аломатгузории марз бармегардад.

Ҷаноби Усмон гуфт, «обанбор ва нерӯгоҳи «Фарҳод», ки дар гузашта аз сӯи Узбакистон бунёд шуда буд, дар қаламрави Тоҷикистон қарор дорад. Ва ин нерӯгоҳ барои Узбакистон аз аҳамияти стратегӣ бархурдор аст, зеро ин нерӯгоҳ пойтахти Узбакистон – шаҳри Тошкандро бо об таъмин мекунад. Узбакситон мехоҳад, ки Тоҷикистон ин обанборро дар ихтиёри Тошканд қарор диҳад. Ва дар он сурат ин кишвар ба сохтмони Роғун мухолифат нахоҳад кард».

Ба гуфтаи Давлат Усмон, далели аслии мухолифат ва эҷоди мушкил дар транзити коло ва фишорҳо сари Тоҷикистон аз сӯи Узбакистон ҳамин аст. Ҷаноби Усмон баид медонад, ки ин дар гуфтугӯҳои президентҳо дар Тошканд ин мушкил ҳал шавад.

Коршиносон мегӯянд, баррасии мушкили миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар иҷлоси Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тошканд гумон аст. Зеро Узбакистону Чин ахиран дар мавриди интиқоли гази арзони Узбакистон тавофуқ кардаанд ва Русия майли миёнҷигарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистонро надорад.

Ин коршиносон бар он назаранд, ки танҳо роҳи даст ёфтан ба ҳалли ин мушкилот ба ибтикори раисиҷумҳури Тоҷикистон бастагӣ дорад, ки битавонад Узбакистонро муътақид ва розӣ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG