Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини Эрон аз гирдиҳамоӣ даст бардоштанд


Мухолифини Эрон аз нақшаи баргузории гирдиҳамоӣ дар Теҳрон рӯзи 12 июн, дар солгарди интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурӣ, даст бардоштанд. Раҳбарони мухолифин Мирҳусейни Мусавӣ ва Маҳдии Корубӣ дар як изҳорот гуфтаанд, ки мақомот барои доир кардани гирдиҳамоӣ иҷоза надоданд ва аз ин рӯ онҳо аз ҷонибдоронаш даъват карданд "то ба хотири ҳифзи ҷону моли худ" ба хиёбонҳо нарезанд.
Баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии соли гузашта, ки дар он Маҳмуди Аҳмадинажод пирӯз эълон шуд, мухолифин дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои бузурги Эрон намоишҳо доир карда, мақомотро дар тақаллуби натоиҷи раъйдиҳӣ айбдор карданд. Ҳукумат ин намоишҳоро саркӯб кард, ки бар асари онҳо даҳҳо нафар кушта ва садҳо нафар боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG