Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии нави Қирғизистон интихоб шуд


Имрӯз мусалмонҳои Қирғизистон раҳбари нави расмии худро интихоб карданд. Дуйшен Ҳоҷӣ Абдилдаев, узви кумитаи муваққатии муслмонҳои Қирғизистон, имрӯз ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки Раслонбек Ҷумъагулов ба мақоми муфтии мусалмонҳо пазируфта шуд. Ҷумъагулов аз ин пеш қозии вилояти Чуй, воқеъ дар шимоли кишвар, буд.
Муфтии собиқи Қирғизистон Муродалӣ Ҳоҷӣ Ҷуман Уулу баъд аз барканории раисиҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиев дар аввалҳои моҳи апрел мақомашро тарк кард. Абдушукур Норматов, раиси Донишгоҳи исломии Бишкек, кафили мақоми муфтӣ таъин шуд ва аммо ба зудӣ истеъфо дод. Суюн Ҳоҷӣ Кулуев, ки ҷойгузини Норматов маҳсуб мешуд, рӯзи якшанбеи гузашта мавриди лату кӯби афроди ношинос қарор гирифта буд.
XS
SM
MD
LG