Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи навбатии "Илм ва фанноварӣ" ба мавзӯъҳои тасмими табиби тоҷик барои парвоз ба коинот, бузургтарин тарҳи нерӯгоҳи бодӣ дар Бритониё, бархурди астероид ба сайёраи Муштарӣ, фишори Чин ба шабакаи ҷаҳонии Интернет ва дигар навгониҳои илму техника дар ҷаҳон бахшида шудааст.

Уэллс нерӯгоҳҳои бодӣ месозад

Дар соҳилҳои шимолии Уэллс бунёди бузургтарин дар олам маҷмааи нерӯгоҳҳои бодӣ шурӯъ мешавад. Ҷузъиёти ин тарҳ, ки барои татбиқи он 2,2 миллиард паунт, муодили 3 миллиард евро ҷудо шудааст, охири ҳафта нашр шуд.

Бар пояи ин тарҳ, дар уқёнуси Атлантик тақрибан 16 километр дуртар аз соҳилҳои Уэллс, 160 чарха барои нерӯгоҳҳои бодӣ гузошта мешавад. Интизор меравад, ки маҷмааи нерӯгоҳҳои бодӣ соли 2014 ба тавлиди барқ шурӯъ кунад.

Бархе аз сокинони маҳаллӣ аз ин тарҳ норозиянд ва мегӯянд, ки он манзараи нотакрори баҳр дар ин минтақа, аз ҷумла, дар шаҳраки фароғатии Ландидноро халалдор месозад. Ва аммо Шерил Гиллан, вазири ҳукумати Бритониё дар умури Уэллс, дар сӯҳбат бо хабаргузориҳо, ба зарурати бунёди ин нерӯгоҳҳо таъкид карда, изҳор намуд, ки ин нерӯгоҳҳо 400 ҳазор хонаводаро чаҳор фасли сол бо барқ таъмин хоҳанд кард.

Бархӯрди астероид ба Муштарӣ


Ҷисми кайҳонии соли гузашта ба сайёраи Муштарӣ бархурда астероиди бузургҳаҷм буд. Хулосаи мутахассисон дар ин бора баъд аз таҳқиқи аксҳои фиристодаи телескоп ё дурбини кайҳонии Ҳабл нашр шуд. Гуфта мешавад, нерӯи бархурд баробар ба таркиши чандин бомби ҳастаӣ буд ва он дар болои сайёра изеро баробар ба Уқёнуси Ором гузоштааст.

Бори аввал дар бораи ин ҳодиса баъд аз он иттилоъ пахш шуд, ки мунаҷҷими ҳаваскор аз Австралия Энтонӣ Уэслӣ нахустин аксҳо бо пайи зарбаи астероид ба Муштариро нашр кард. Мутахаассисон мегӯянд, пажуҳиши аксҳои фиристодаи дурбини Ҳабл барои он зарур аст, ки паёмадҳои эҳтимолии бархурди ҷисмҳои осмонӣ ба сайёраи Замин омӯхта шавад.

Интернет дар қабзаи оҳанини Чин

Мақомоти Чин эълом доштанд, ки Интернет дар қаламрави кишвар таҳти назар ва ҳимояи ҳукумат қарор дорад. Ба ин нукта дар санаде ишора шудааст, ки ахиран дафтари матбуоти Шӯрои давлатии Чин нашр кард.

Дар ин санад гуфта шудааст, дар Чин теъдоди истифодабарандагони интернет афзоиш меёбад ва охири соли гузашта теъдоди онҳо ба 384 миллион нафар расида буд. Мақомоти Чин шабакаи ҷаҳониро чун фишанги муҳими таҳкими ҳама бахшҳои зиндагӣ ва боло бурдани сатҳи маърифату донишандӯзии ҷомеъа арзёбӣ кардаанд.

Ҳамзамон дар ин санад гуфта шудааст, ки ҳукумат ба хотири ҷилавгирӣ аз таъсири номатлуби иттилоъи ғайриқонунӣ ба амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои ҷомеъа ва пешгирии заҳролудшавии мафкураи кудакон Интернетро таҳти назорат қарор додааст. Мақомоти Чин ваъда додаанд, ки тайи панҷ соли оянда тақрибан нисфи мардуми кишвар ба интернет дастрасии ҳамешагӣ хоҳанд дошт.

Google қонуни Австралияро шикастааст?

Додситонии кулли Австралия аз полиси кишвар хостааст, ки аз сӯи ширкати Google ҷамъоварӣ шудани иттилоъи сиррӣ ҳангоми татбиқи тарҳи Street View-ро тафтиш кунад. Ба гуфтаи Додситони кулл Роберт Макклеланд, мошинҳои бо таҷҳизоти махсус муҷаҳҳази Google дар хиёбонҳо гашта иттилоъеро ҷамъ оварданд, ки сокинони маҳаллӣ ба ҳамдигар тавассути вай-фай ё шабакаи бесими ҳифзнашаванда ирсол кардаанд.

Қаблан худи ширкати Google ҳам эътироф карда буд, ки тайи се соли ахир кормандонаш иштибоҳан ин гуна иттилоъро ҷамъ оварда буданд ва барои ин узр ҳам хоста буд. Додситони кулли Австралия гуфт, ки онҳо аз мардум шикояти зиёд дастрас кардаанд ва полис бояд тафтиш кунад, ки ширкати Google қонун дар бораи мухобиротро нақз кардааст ё на. Гуфта мешавад, ки кормандони Google шояд пораҳо аз номаҳои электронӣ ва матну аксҳоро ҷамъоварӣ карда бошанд. Қавонини Австралия дастрасии бидуни иҷоза ба е-майл ё почтаи электрониро манъ кардааст.

Масъулини ширкати Google изҳор намуданд, ки онҳо барои ҳамкорӣ бо полис дар тафтиши ин қазия омодаанд.
Ҳукумати Австралия изҳор намуд, ки Google шояд бузургтарин дар таърих қонуншиканӣ дар робита ба дифоъ аз иттилоъи хусусиро содир карда бошад.

Табиби тоҷик барои парвоз ба Миррих омода мешавад

Дар Русия дар чаҳорчӯби омодагиҳо барои парвоз ба Сайёраи Сурх тарҳи “Миррих-500” пиёда сохта мешавад. Чанд рӯз пеш шаш нафар ихтиёриёни “парвози озмоишӣ” вориди маҷмааи таҷрибавии Пажуҳишгоҳи тиббиву биологии Фарҳангистони улуми Русия, воқеъ дар шаҳри Маскав, шуданд.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти Роскосмос – Оҷонси федеролии кайҳонии Русия, “миррихнавардон” 17 моҳи оянда аз ин маҷмаа берун нахоҳанд шуд. Озмоиш дар “киштии кайҳонӣ” аз се марҳила иборат аст – 250 рӯзи аввал “миррихнавардон” гуё ки ба Миррих парвоз мекунанд. 30 рӯзи дигар онҳо, дар болои “Сайёраи сурх” “озмоишҳо” анҷом медиҳанд ва 240 рӯзи боқимонда - роҳи бозгашт аз Миррих ба Заминро тай хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки афроди зиёде хоҳиши ширкат дар ин парвози озмоиширо доштанд ва аммо аз миёни садҳо довталабон фақат шаш олими варзида пазируфта шуданд. Зимнан, яке аз онҳо Сӯҳроб Камолов, номзади илми тиб, ҷарроҳи дил ва корманди Маркази илмиву тиббии ба номи Бакулеви шаҳри Маскав аз рӯи миллаташ тоҷик аст.

Сӯҳроб 38 сол дорад, ӯ зодаи шаҳри Душанбе аст ва соли 1989 мактаби миёнаи рақами 60-и пойтахтро хатм кардааст. Волидайни ӯ - табибони маъруфанд ва, ба навиштаи хабаргузориҳо, то солҳои 90-ум дар кӯчаи ба номи Ломоносови шаҳри Душанбе зиндагӣ мекарданд. Айни ҳол Сӯҳроб Камолов ва волидайнаш дар шаҳри Маскав ба сар мебаранд.

iPhone-4 бозоргир хоҳад шуд?

Дар конфаронси ҷаҳонии тарроҳони Apple дар шаҳри Сан-Франсиско ахиран iPhone-4, навтарин тавлидоти ин ширкат, муаррифӣ гардид. Ва аммо он омил, ки чанде қабл сомонаи Gizmodo ҳама ҷузъиёти телефонро дар интернет ошкор кард, ба истилоҳ, як чакра заҳр дар ҷоми нӯшбоди раҳбарони Apple дар расми муаррифии телефони нави ҳамроҳ шуд.

Гуфта мешавад, ки iPhone-и навро як корманди Apple дар тарабхона фаромӯш кардааст. Стиф Ҷобс, раиси ширкати Apple , зимни муаррифии iPhone-4, бо ишора ба ин омил гуфт, ки “шояд нафаре аз шумо ин телефонро аллакай дидаед”.

Дар нишасти Сан-Франсиско гуфта шуд, ки телефони нави ҳамроҳ рӯзи 24 июн ба фурӯш бароварда мешавад. Қимати он бо хотираи 32 гигабайт дар Амрико 299 доллар хоҳад шуд. iPhone-4 бо хотираи 16 гигабайт сад доллар арзонтар аст.

iPhone-и нав, ба гуфтаи мутахассисон, назар ба айфонҳои қаблӣ бархе бартариҳо дорад. Аз ҷумла, ин телефон дар пасу пеш ду камера дорад ва ин барои доир кардани музокироти видеоӣ хело мувофиқ аст. Телефони нави ҳамроҳ ҳамчунин гироскоп дорад, ки ҳамроҳ бо компас ё қутбнамо ва акселерометр метавонад ба ҳама ҳаракатҳо дар фазо вокуниш кунад. Ин, дар навбати худ, имконоти бозиҳои компутарӣ ва дигар барномаҳоро бештар мекунад. Дар iPhone-4 метавон аз системи ҷустуҷӯии Bing истифода кард, ҳарчанд дар он, чун дар айфонҳои қаблӣ, системҳои Google ва Yahoo авлавият доранд.

Ва аммо телефони нав то куҷо бозоргир хоҳад шуд? Ба пояи иттилоъи ширкати Garthner, айни ҳол iPhone ҳамагӣ 15 дар сади бозори смартфонҳоро ишғол мекунад ва дар ин бозор чун пештара Simbian ва Blackberry хушхаридортаранд. Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки рақобат аз сӯи ширкати Google шояд мавқеъи феълан пойдори Apple дар бозори смартфонҳоро андаке коҳиш диҳад.

Ба гуфтаи онҳо, тайи ду соли ахир нуфузи смартфони Google Android ба таври бесобиқа боло рафт ва ин ба тавлидгарон имкон медиҳад, ки телефонҳои назар ба iPhone арзонтарро вориди бозор кунанд. Ва аммо, ба гуфтаи мутахассисон, бозори телефонҳои ҳамроҳ пешгӯинашаванда аст ва гумон аст, ки Apple гӯшае интизори навовариҳои дигар ширкатҳо нишинад.
XS
SM
MD
LG