Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қандаҳор: Ҳамлаи хунин ба тӯйхона


Дар пайи таркиш дар як тӯйхонаи минтақаи Қандаҳор - макони амалиёти қарибулвуқуи ҳарбӣ, дасти кам 40 тан кушта шуд. Сухангӯи вазорати дохилии Афғонистон Змараи Башарӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин ҳодисаи шоми чаҳоршанбе ҳамчунин 74 нафар бо шумули кӯдакон захм бардоштаанд.

Мақомоти ин таркиш дар декадаи Нагаҳон, воқеъ дар шимоли Қандаҳорро амали интиҳорӣ унвон карданд. Аммо Толибон, гумонбари нооромиҳои авзо дар кишвар, даст доштани худ дар ин ҳодисаро рад кардаанд.

Бо бомб ба меҳмонӣ

Ду шоҳиди ҳодиса Абдул Саттор ва назар Муҳаммад дар бораи ҳодиса қиссаҳои мухталифро ҳикоят кардаанд. Саттор мегӯяд, “ин як ҳуҷуми интиҳорӣ буд. Ҳуҷумгар низ аз меҳмонони тӯйхона буд. Як меҳмони солманд талош мекард, ки ин мардро аз тарконидани бомб нигаҳ дорад. Аммо ҳуҷумкунанда дуртар рафт ва худро мунфаҷир кард".

Муҳаммад ҳодисаро ба ин шакл тасвир мекунад: "Мо машғули тановули ғизои шом будем, ки яке садои таркишро шунидем. Мо дигар ҳеҷ чиз намедонем. Мо намедонем, ки ин ҳуҷуми интиҳорӣ буд, ё ҳуҷуми ҳавоӣ. Мо дар ин бораи чизе намедонем, аммо хисороти ҷонии зиёд дидаем."

Таркиш дар бахше аз ҳавлӣ сурат гирифт, ки барои меҳмонони мард таҳия шуда буд. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса домод низ захмӣ шудааст. Мақомоти бемористон мегӯянд, ки баъзе маҷруҳшудаҳо дар ҳоли вахим қарор доранд. Телевизиони маҳаллӣ аз мардум даъват кардааст, ки барои наҷоти захмиҳо хуни худро дареғ надоранд.

Ҳадафи ҳамла - афсарони пулис

Змараи Башарё мегӯяд, намояндагони хадамоти амнияти маҳаллӣ низ меҳмони тӯйхона буданд, аммо асосан мардуми мулкӣ хисорот дидааст.

Вай афзуд, "ин тӯйи бародари як афсар буд ва дар он афсарони пулис, аскарҳо ва намояндагони хадамоти мулкӣ иштирок доштанд. Аммо бахши асли меҳмонон мардуми мулкӣ буданд ва онҳо аз ҳама беш хисорот ба бор оварданд."

Дар ҳамин ҳол хабаргузории Ройтерс аз қавли як мақоми пулиси Қандаҳор гуфтааст, ки аксари меҳмонон ба пулиси маҳаллӣ ва ҳарбиҳо марбут буданд ва интихоби ҳуҷум ба ин ҳавлӣ низ беҳуда набуд.

Баъзе хешутабор ба хабаргузории Франс-Пресс гуфтаанд, ки домод ва меҳмонони дигари тӯйхона узви гурӯҳи зидди Толибон буданд, ки бо дастгирии нирӯҳои вижаи Иёлоти Муттаҳида созмон ёфтааст.

Толибон: Ҳамла кори дасти АЙСАФ аст

Аммо Толибон, ки таври маъмул худро аз ҳама гуна ҳодисаҳои куштори аҳолии мулкӣ дар канор мегиранд, ба хонаводаҳои кушташудаҳо таъзия баён карда, масъулиятро ба души нирӯҳои байналмилалии АЙСАФ гузоштанд. Волии Қандаҳор Тууриалай Вииса изҳороти Толибонро рад кард. Ӯ дар нишасти матбуотӣ пораи оҳанеро намоиш дод, ки маъмулан дар ҳуҷумҳои интиҳорӣ истифода мешавад.

Ноиби фармондеҳи нирӯҳои НАТО дар Афғонистон генерал Лейтенант Ник Паркер ҷангиёнро масъули ин ҳуҷум хонд. Сухангӯи нирӯҳои Амрико сарҳанг Вейн Шанкс иддаои Толибонро, ки гӯё хисороти ҷонӣ дар пайи ҳуҷуми ҳавоӣ ба амал омадаастро рад кард ва онро иттилои нодурусти Толибон номид.

Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар як нишасти матбуотии муштарак бо нахуствазири Бритониё Девид Камерун ҳуҷумро маҳкум ва онро амали террористӣ унвон кард.

Таркиш дар фосилаи ду рӯз баъди созиши Карзай бо раҳбарони қабилаҳо бар сари барномаи гуфтугӯ бо Толибон ба вуқӯъ пайваст. Раҳбарони Толибон иштирок дар Ҷиргаи сулҳро дар карданд ва гуфтаанд, то замоне, ки нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҳузур доранд, онҳо ба гуфтугӯ ҳозир нахоҳанд шуд.

Дар ҳоле, ки амалҳои хушунатбор дар ин минтақаи Афғонистон коҳиш наёфтаанд, нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида, НАТО ва артиши Афғонистон барои амалиёти густардаи ҳарбӣ дар Қандаҳор омодагӣ мегиранд.
XS
SM
MD
LG