Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эълони ҳукми муҷримони куштор дар Сребренитса


Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг ё Гаага оид ба Югославияи собиқ ду афсари собиқи артиши сербҳои Босниро барои ширкат дар куштори дастаҷамъии мусалмонҳо дар шаҳри Сребренитса дар соли 1995, ба ҳукми абад маҳкум кард. Ҳукми додгоҳ дар баробари Вуядин Попович ва Любиш Беаре имрӯз эълон шуд. Чаҳор афсари дигар дар ҷиноёти низомӣ дар солҳои ҷанг дар қаламрави Югославияи собиқ айбдор ва ба мӯҳлатҳои аз панҷ то сиву панҷ сол маҳкум ба зиндон шуданд.
Баррасии парвандаи куштори беш аз ҳафт ҳазор мардону наврасони мусалмон дар шаҳри Сребренитса бо ширкати 450 шоҳид се сол идома кард.
XS
SM
MD
LG