Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Лаҳистон ду медал ба даст овард.

Вай дар шаҳри Бидгош дар даҳумин давраи фестивал ё ҷашнвораи варзиши сабук гурзро ба масофаи 77 метру 71 сантиметр ҳаво дода, мақоми севумро касб кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Сергей Литвинов (Олмон) бо натиҷаи 78,76 м ғолиби ин мусобиқа гардид. Кристиан Парс (Маҷористон) бо натиҷаи 77,96 м мақоми дуввумро касб кард.

Баъдан Дилшод Назаров дар шаҳри Варшава, дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Януш Касочинский бо натиҷои 77 метру 64 сантиметр ҷои дуввумро касб кард ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Либор Чарфрейтаг (Словакия) бо натиҷаи 78,01 м медали тилло гирифт.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG