Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Эрон музокирот барои С-300-ро идома медиҳанд


Андрей Нестеренко, намояндаи вазорати умури хориҷаи Русия, гуфт, ки комплексҳои зидди ҳамлаи ҳавоии С-300, ба маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон, шомил нестанд. Ва аммо ӯ аз посух ба суол дар мавриди он ки Русия С-300-ро ба Теҳрон мефурӯшад ё не, худдорӣ кард. Дар ҳамин ҳол, раиси Хадамоти федеролии ҳамкориҳои низомиву техникии Русия Михаил Дмитриев изҳор намуд, ки гуфтушунид бо Теҳрон дар мавриди хариду фурӯши ин комплексҳо идома дорад.
Аз ин пеш хабар дода шуд, ки Маскав баъд аз пазируфта шудани қатъномаи Шӯрои амнияти СММ ҳамкориҳои низомиву техникӣ бо Эронро қатъ кардааст.
XS
SM
MD
LG