Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов, узви фаъоли Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистонро бо ҳукми худ ба мӯҳлати як сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯ барои раъй додан аз номи аъзои хонаводааш ва нақзи қонуни интихобот гунаҳгор шудааст.


Додгоҳ ӯро ҳамчунин аз ҳаққи узвият дар камиссиюнҳои интихоботӣ то панҷ соли оянда маҳрум кард.

Анвар Қурбонов, додраси мурофиаи додгоҳӣ ба радиои Озодӣ гуфт, Муҳамадрӯзӣ Бурҳонов бар асоси ду банди кодекси ҷиноятӣ, яъне - монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқи раъйдиҳӣ ва фаъолияти комиссияи интихоботӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ ё ҳисоби нодурусти овоз муттаҳам дониста шудааст.

Ӯ гуфт: «Бурҳонов ба ҷойи аъзои оилааш баргаҳои раъйро имзо карда, овоз додааст, инро вай ҳамчун узви комиссияи интихоботӣ, ҳамчун шахси мансабдор кардааст. Дуввум, ошкор гардид, ки Бурҳонов бюллетенҳоро пеш аз додан ба дасти интихобкунандаҳо, онро ба фоидаи номзади ҲНИТ хат зада, баъд ба дасти интихобкунандаҳо додааст. Ҳамин тавр, тасдиқ шуд, ки 6 адад бюллетен қалбакӣ пур шудааст аз тарафи ӯ. Ба ин восита Бурҳонов дар овоздиҳии пинҳонӣ мудохила карда, қонуншиканӣ кардааст…»

Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов 28-уми феврал, дар рӯзи интихоботи вакилони порлумони Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони мардумӣ, узви қитъаи раъйдиҳии рақами 22-и ҷамоати Оқгазаи ноҳияи Вахш будааст, ҳамон қитъае, ки дар он номзади Ҳизби наҳзати исломӣ бар рақибони худ аз Ҳизби халқии демократӣ дастболо шуда, вакили маҷлиси ноҳиявӣ интихоб гардидааст.

Аммо Абдураҳмон Тӯраев, вакили мудофеи Бурҳонов, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, нафари таҳти ҳимояташ гуноҳи худро қисман иқрор карда, танҳо бо иҷозаи раиси камиссияи интихоботӣ баргаҳои раъйро ба ҷойи се узви оилааш, ки он замон бемор будаанд, хонапурӣ карда, вориди сандуқи раъй намудааст.

"Ҳукм одилона набуд"

Ҷаноби Тӯраев афзуд, бо назардошти фарзандони ноболиғ доштан ва гирифтори бемории сил будану иқрори Муҳаммадрӯзиӣ Бурҳонов, ӯ интизор дошт, ки додгоҳ ба нафари зерҳимояташ ҷазои шартӣ таъин мекунад.

«Ман бо ҳукми додгоҳ розӣ нестам, фикр намекунам, ки ин ҳукм боадолатона содир шудааст. Аммо дар мавриди шикояти кассатсионӣ бурдан ба додгоҳи таҷдиди назар ҳанӯз тасмиме нагирифтаем. Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ он шоҳидоне, ки дар тафтишоти пешакӣ дар бораи гӯё қонунвайронкунии Бурҳонов нишондод додаанд, нишондодҳояшонро тасдиқ накарданд. Гуноҳи Муҳаммарӯзӣ Бурҳонов дар мурофиа умуман тасдиқи худро наёфт. Аз ин рӯ, мо боварӣ доштем, ки ҷазои Бурҳонов бо пардохти ҷарима маҳдуд мешавад. Худи Бурҳонов ҳам бо ҳукми додгоҳ розӣ нест…»

Ин ҳам дар ҳолест, ки Киромуддин Муродов, ёвари додситони ноҳияи Вахш ва ҳамзамон айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳии мазкур, гуфт, ҳарчанд вай аз додгоҳ таъин кардани ҷазои маҳрумият аз озодии Бурҳоновро барои дувуним сол хоста буд, аммо аз ҳукми додгоҳ қаноатманд буда, қасд надорад, барои шадидтар кардани ҷазои ӯ ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят барад:

«Бо моддаҳои 150, қисми 2, банди «Б» ва 151-и Кодекси ҷиноятии ҶТ Бурҳонов айбдор дониста шуд. Бо назардошти ин ки Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов сидқан пушаймон шуда, фарзандони ноболиғ дошт ва қаблан суд нашуда буд, мо фикр мекунем, ки ҳамин ҷазои таъиншуда ҳам барои ислоҳи вай кофист. Гузашта аз ин, Бурҳонов панҷ соли дигар ҳақ надорад ба комиссияҳои интихоботӣ шомил шавад ё ба умури раъйгирӣ мудохила намояд…»

Дар ҳамин ҳол, масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон парвандаи Муҳаммадрӯзӣ Бурҳоновро ва ҳукми додгоҳро нисбат ба ӯ сиёсӣ унвон карда, мегӯянд, қазияи мазкур қолабӣ ва фармоишӣ будааст.

"Даъвои додситонӣ собит нашуд"

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумони Тоҷикистон ва муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, ҳеҷ иддаои додситонӣ амалан дар додгоҳ собит нашуда ва ҳукми додгоҳ ҳам ғайримунсифона будааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиноси маҳаллӣ Ҷамолиддин Сайфиддинов мегӯяд, дар танҳо як ҷурме, ки гӯё Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов ба ҷойи дигар одамон ё аҳли оилааш дар интихобот овоз додааст, сабаби аслии кушода шудани парванда алайҳи вай буда наметавонад. Ба гуфтаи ҷаноби Сайфиддинов: «Тибқи мушоҳидаҳо, дар интихоботҳои Тоҷикистон мавридҳои ба ҷойи тамоми оила овоз додани як нафар зиёданд. Дар деҳаҳо бештари вақт занону духтарон ба раъйдиҳӣ намераванд ва ба ҷойи онҳо шавҳаронашон ё падаронашон овоз медиҳанд ва ин ҳама дар шароити Тоҷикистон кори маъмулӣ шудааст…»

Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонови 48-сола пас аз тақрибан як моҳ аз замони баргузории интихоботи парлумонии кишвар ифтитоҳ гардида, вай 27-уми март дар ноҳияи Вахш боздошт ва то ин замон дар боздоштгоҳи муваққати Қӯрғонтеппа нигаҳдорӣ шудааст.

Парвандаи Бурҳонов шояд якумин ва ягона парвандаи ҷиноятӣ дар таърихи 18 соли ахири Тоҷикистон аст, ки ба интихоботи порлумонӣ рабт дошта, як масъули комиссияи интихоботӣ равонаи зиндон мешавад. Ва он ҳам намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз аҳзоби мухолифи ҳукумати кишвар.

Ҳукми додгоҳ алайҳи Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов бо гузашти 10 рӯз аз замони содир шуданаш қувваи қонунӣ хоҳад гирифт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG