Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Об барои ҳаёт" ба Тоҷикистон чӣ дод?


Дар баёнияи конфронси "Об барои ҳаёт" аз кишварҳои ҷаҳон даъват шудааст, ки ҳангоми таҳияи барномаҳои миллии тавсеъа, масъулияти шахсонеро, ки дар ин замина тасмим мегиранд, бештар кунанд.

Дар ин эъломия барои ҳалли мушкилоти об, афзоиши сармоягузорӣ ва тавсеъаи ҳамкорӣ, аз ҷумла дар заминаи мудирияти истифода аз об, аз нерӯи занон ҳам фаровон истифода шавад.

Роҳҳои ҳалли мушкилоти таъмини оби ошомиданӣ, ҷалби маблағ барои беҳбуд бахшидани вазъи беҳдории кишварҳо, ҷаҳду талоши муштарак дар роҳи мубориза бо тағйироти иқлим аз масоили дигари нишасти байналмилалӣ буд, ки баррасӣ шуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон тасмии гирифтааст, ки эъломияи мазкурро ба муҳокимаи иҷлосияи 65–уми Маҷмаи умумии Созмони Милал пешниҳод кунад.

Ҳоло Тоикистон ба унвони кишвари соҳибибтикори баргузор кардани нишастҳои муҳими байналмилалӣ дармавзӯи об, аз ҷумла, эълони соли «Оби пок-2003» ва ҳоло соли «Дипломатияи об» чӣ барномаҳои ҷиддиеро мушахасан рӯи даст дорад?
Ва Тоҷикистон ба унвони кишваре, ки манобеъи фаровони обӣ дорад, аммо дар истифода аз ин манобеъ ба мушкил мувоҷеҳ аст, аз баргузории нишасти «Об барои ҳаёт» чӣ суде дид?

Мирзанабии Холиқзод дар мизи гирди радиои Озодӣ ба бо ширкати Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази стротегии назди Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, иқтисодшинос Давлатмурод Ҷумъаев ва рӯзноманигнрор Фазлиддин Асозода талош кардааст ба ин пурсишҳо посух гирад.

XS
SM
MD
LG