Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой имрӯз вориди шаҳри Тошканд шуд. Дар фурудгоҳи пойтахти Ӯзбакистон ӯро сарвазири ин кишвар Шавкат Мирзиёев истиқбол гирифт. Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири умури хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири умури дохила Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири энерҷӣ ва саноат Гул Шералӣ ва вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ҳамроҳӣ мекунанд.
Интизор меравад, ки дар нишасти дурӯзаи сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой масоили марбут ба таъмини амният ва авзоъ дар Афғонистон ва Қирғизистон баҳсу баррасӣ шавад. Тибқи хабарҳо, қарор аст, дар ҳошияи нишаст Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои ӯзбакаш Ислом Каримов музокирот анҷом диҳад. Инотизнор меравад, дар ҷаласаи хотимавӣ Ҳомид Карзай ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, сарони Афғонистон ва Туркманистон, кишварҳои нозир дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ширкат кунанд.
Ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Русия. Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон шомиланд.
XS
SM
MD
LG