Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти се эътирозгари эронӣ дар шаҳри Дублин


Дар шаҳри Дублин, пойтахти Ирландия, се нафар бо гумони ҳамла ба Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, боздошт шуданд. Баъд аз хатми суханронии Муттакӣ дар Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти байнулмилалии Дублин гурӯҳи эронитаборони дар канори ин бино ҷамъомада, алайҳи сиёсати ҳукумати Эрон шиор партофтанд. Онҳо ҳамчунин сӯи мошини вазир тухм андохтанд. Полиси маҳаллӣ ҷамъомадагонро пароканда ва се нафари онҳоро боздошт кард.
XS
SM
MD
LG