Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаномаҳои Душанбе: "Меҳр дар чашм"


Ҳамоиши байналмилалии «Об барои ҳаёт», интизориҳо аз сафари Раҳмон ба Тошканд ва нигарониҳо аз паёмади пулчинии ширкати «Иновайтед Роуд Солушенз» аз матолиби аслии нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе аст.


"Нигоҳ" дар матлабе зери номи «Бо Узбакистон чӣ бояд кард?» навиштааст, «аз рӯйдодҳои ин ҳафта, ки барои Тоҷикистон метавонад сарнавиштсоз бошад ва мақомоти давлат ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ битавонанд ҳадди аксарро истифода кунанд, нишасти байналмилалии «Об барои ҳаёт» дар Душанбе ва нишасти сарони СҲШ дар Тошканд аст».

Муаллифи матлаб ҳузури Галина Саидова, муовини вазири иқтисоди Узбакистон дар нишасти Душанберо ғанимат дониста ва менависад, «мешавад аз тариқи ӯ паёмҳои равшану мантиқӣ ва ҳисобишудаеро ба Тошканд иблоғ кард» ва илова мекунад, ки ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон тайи рӯзҳои 10 ва 11 — уми июн ва эҳтимоли баргузории дидори рӯ ба рӯи ӯ бо ҳамтои узбакаш аз аҳамияти бештаре бархӯрдор аст.

"СССР" зери унвони «Талоқи русӣ» навиштасст, ки «агар ба мулоқоти Тошканд Раҳмон ҳозир шавад, ба натиҷаҳои муваффақи он наметавон умедвор гардид. Чаро? Зеро дар ҷанги иттилоотии оғозшуда, ки пайхати русиву узбекии он яқин аст, аз ҳоло мағлубияти ҷониби Тоҷикистонро метавон ҳадс зад».

"Меҳар дар чашм"

«Миллат»
суолеро бад ин гуна, «Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд чолишҳоро аз байн хоҳад бурд?» пешорӯи коршиносону таҳлилгарон ва афроди табақаҳои мухталиф гузоштааст. Бештари афроди пурсидашуда, изҳори умедворӣ кардаанд, ки ин сафар битавонад то ҷое ба беҳбуди муносиботи ду кишвари ҳамсоя асар гузорад.

Абдунабӣ Сатторзода, сардори раёсати сиёсати хориҷӣ ва равобити иқтисоди берунии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ба ду сабаб сафари Раҳмон ба Тошкандро умедворкунанда донистааст. Ба андешаи ҷаноби Сатторзода агар сабаби аввал имкони мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои узбакаш бошад, сабаби дуввумро дар меҳр дар чашм медонад. Зеро ба такъиди Сатторзода, «вақте онҳо бо ҳам собиқаи деринаи шиносоӣ ва дӯстӣ доранд, ба дидори якдигар мерасанд ва рӯбарӯи ҳам истода дар мавриди мушкилоти мавҷуди миёни кишварҳояшон сӯҳбат мекунанд, гумон мекунам имкони расидан ба натиҷаҳои мусбат бештар хоҳад буд».

Аммо Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили сиёсӣ ба ин назар аст, ки «фикр намекунам, ки бо ин сафар мушкили равобити Тоҷикистон ва Узбакистон ҳал шавад. Зеро дар чаҳорчӯби нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхай масоили куллии созмон баҳс мешавад ва мавзӯи расидагӣ ба далоили муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон тавассути Узбакистон матраҳ нест».

"Русия шарики барои боварӣ нест"

"Миллат" дар матлаби дигаре "Русия шарик ё рақиби кишварҳои форсизабон?" навиштааст, ки «баррасии воқеъбинонаи таҳаввулот, махсусан, дар се асри ахир нишон медиҳад, ки Русия чун шарик ва ҳамсояи таърихӣ ва бузурги ҷаҳони форсӣ ба усулҳои ҳамҷаворӣ пойбанд набуда ва барои расидан ба ҳадафҳои кӯтоҳ ва дарозмуддати худ, ҳамвора манфиатҳои моро зери по гузоштааст».

Муаллифи матлаб навиштааст, «бознигарӣ дар муносибот бо Русияро роҳи ҳал барои кишварҳои форсизабон донистааст».

"Ҷасорати шубҳаовари Амонулло Ашӯр"

"Озодагон"
дар матлабе «IRS аз ҳукумат наметарсад? Ҷасорати Амонулло Ашӯр шубҳаовар ба назар мерасад» аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки «бо вуҷуди баҳсҳо бар сари пулакӣ шудани роҳи Душанбе - Хуҷанд миёни Амонулло Ашӯр, раиси Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон ва ширкати "Иновайтед Роуд Солушенз" то имрӯз ҳеҷ шахсе ё ниҳоде расман эълон накарда, ки ин ширкат моли кӣ ё киҳост. Аммо дар байни мардум овозаҳои зиёде перомуни ба наздикони шахси аввал тааллуқ доштани он вуҷуд дорад».

Муаллифи матлаб ба ҷасорати Амонулло Ашӯр дар мавриди вокунишҳояш ба фаъолияти ин ширкати хориҷӣ ба шубҳа нигариста ва навиштааст, ки «оё ҷасорати Амонулло Ашӯр дар мавриди пулчинии ширкати IRS дар роҳи Душанбе - Хуҷанд то чӣ ҳад тасмими худи ӯст? Шахсан камина ба ин зиёд бовар надорам. Аз сӯи дигар, агар ин тасмим бо дастури президент бошад чаро натавонист монеи пул чидан дар ин роҳ гардад?»
XS
SM
MD
LG