Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти ҳамлаи хунин дар Қандаҳор


Бино ба гузоришҳо аз Афғонистон, бар асари инфиҷоре дар як ҷашни арӯсӣ дар шаҳри Қандаҳор тақрибан 39 нафар кушта ва 70 тани дигар маҷрӯҳ шудааст. Сухангӯи НАТО гуфт, ки нерӯҳои ин паймон барои рафъи паёмадҳои ҳамла кӯмак кардаанд. Пештар аз ин Толибон дар Афғонистон як ҳавопаймои НАТО дар Афғонистон суқут дода ва чаҳор сарбози амрикоиро куштанд. Дар зарфи 9 рӯзи гузашта НАТО дар Афғонистон 29 сарбозашро талаф додааст.
XS
SM
MD
LG