Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокунишҳо ба тасвиби қатънома алайҳи Эрон


Шӯрои Амнияти Созмони Милал чаҳорумин қатъномаи таҳримӣ алайҳи Эронро тасвиб кард. Қудратҳои Ғарбӣ мегӯянд, ки фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ба хотири сохти силоҳи атомист, аммо Эрон ин иддаъоро рад мекунад. Панҷ узви доимии Шӯрои Амният, Амрико, Русия, Чину Фаронса ва Бритониё ва 12 узви ғайридоимӣ ба ба ҷонибдории қатънома раъй доданд. Лубнон раъйи мумтанеъ ва Туркияву Бразилия раъйи мухолиф доданд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар вокуниш ба тасвиби қатънома алайҳи Эрон гуфт: "Ҳукумати Эрон солҳои тӯлонӣ бар тааҳудоташ нисбат ба Аҳдномаи байналмилалии манъи густариши силоҳҳои атомӣ амал накард. Масъулиятҳояш нисбат ба Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомиро иҷро накард. Қатъномаҳои Шӯрои Амниятро нодида гирифт. Дар ҳоле, ки раҳбарони Эрон паси лафзбозиҳои худ пинҳон мешаванд, амалкардҳояшон амиқан ошуфтакунанда аст." Қатъномаи мазкур иқдомоти сахтеро алайҳи Эрон пешбинӣ кардааст ва аз тамоми кишварҳо мехоҳад, киштиҳои шубҳаноки Эронро бозрасӣ кунанд ва ҳамчунин ба ин кишвар танкӯ тӯп, чархболу системаҳои мушакӣ нафурӯшанд. Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дар вокуниш ба тасвиби қатънома онро як чизи беарзиш хонд.
XS
SM
MD
LG