Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои фиристодаи Фаронса аз Ӯзбакистон


Эмрӣ Де Монтескю, фиристодаи хоси Фаронса дар умури Осиёи Марказӣ, аз Ӯзбакистон хостааст, то бигузорад, ки қаторҳои боркаши Тоҷикистон бемонеа вориди кишвар шавад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, зимни мулоқот бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, дипломати баландпояи фаронсавӣ эълом кардааст, ки, “Фаронса ва тамоми кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо мухолифи дар муҳосира қарор додани кишварҳоянд ва ҷонибдори онанд, ки моҷарои нақлиётии миёни Тоҷикистону Узбакистон аз роҳи муколама рафъ шавад.” Давлати Тоҷикистон мегӯяд, Ӯзбакистон бо баҳонаҳои мухталиф бештар аз 2500 вагони боркаши кишварро дар қаламраваш нигаҳ доштааст.
XS
SM
MD
LG