Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама вазъи Ғаззаро "нопойдор" хонд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, кишвараш бо иҷрои як тарҳи ғайринизомӣ ба фаластиниён 400 миллион доллар кӯмак хоҳад кард ва ҳамзамон вазъ дар Навори Ғаззаро “нопойдор” хонд. Барак Обама дар ин бора баъди мулоқоташ бо Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Фаластиниён дар Кохи Сафед сухан гуфт. Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин аз Исроил хост, то бо тамоми тарафҳо кор карда ва ҳалли мушкили Ғаззаро пайдо кунад. Ӯ ҳамчунин ба Исроил ҳушдор дод, пешниҳоди Созмони Милал барои таҳқиқи қазияи юриши маргбораш ба киштии кӯмакрасон барои Навори Ғаззаро бипазирад. Дар ин юриши Исроил дар рӯзи 31 май 9 нафар ҳалок шуданд. Барак Обама гуфт, ба эътиқоди вай, дар ҷараёни сулҳи Ховари Миёна имсол “пешрафти қобили мулоҳизае” мумкин аст ва ваъда дод, ки Амрико дар ин замина бо тамоми нерӯаш кор хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG