Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи ҷустӯҷуи конканҳои бенишоншудаи Украина


Наҷотбахшон дар Украина ҷустӯҷуи ду конканеро идома медиҳанд, ки бар асари садамаи маргбор дар як кони ангишти Донетск бенишон шудаанд. Ба гузориши бахши украинии Радиои Озодӣ, бар асари ихроҷи гази метан ва зуғол дар кони Шокинский, се конкан ҳалок ва 18 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Вазорати изтирории Украина гуфт, се гурӯҳи наҷотбахшони вазорат саргарми ҷустӯҷуи конканҳои нопадидшуда ҳастанд.
XS
SM
MD
LG