Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти посбонони рус бо иттиҳоми қатли як маҳбус


Мақомоти Русия се посбони зиндони шаҳри Челябинскро бо иттиҳоми қатли як зиндонӣ боздошт кардаанд. Яке аз зиндониёни маҳбаси рақами 2 дар Челябинскро аввали моҳи июн кушта пайдо карданд. Ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, осори латукӯб дар ҷасади зиндонӣ мушоҳида шудааст ва ба гуфтаи табибон, зиндониро буғӣ карда куштаанд. Муфаттишон мегӯянд, ки ҳарсе посбони зиндон, ки номашон ошкор нашудааст, ба гуноҳи хеш иқрор шудаанд.
XS
SM
MD
LG