Пайвандҳои дастрасӣ

Тасвиби таҳримҳои нави Шӯрои Амният зидди Эрон


Шӯрои Амнияти Созмони Милал чаҳорумин бастаи таҳримҳои байнулмилалии зидди Эронро ба тасвиб расонд. 12 кишвар аз 15 узви шӯро аз таҳримоҳи нав пуштибонӣ карданд, вале Бразилия ва Туркия раъйи мухолиф дода, Лубнон аз ширкат дар раъйдиҳӣ худдорӣ кард. Сафири Иёлоти Муттаҳида дар СММ Сюзен Райс гуфт:

"Имрӯз Шӯрои Амният ба таҳдидҳои сангине бар сулҳ ва амнияти байнулмилалӣ, ки аз сарпечии Эрон дар иҷрои ӯҳдадориҳояш тибқи Созишномаи адами густариш ба миён омадааст, посухи қатъӣ дод."

Таҳримҳои нав дар таҳияи Бритониё ва Фапронса ва бо пуштибонии Русияву Чин ба маротиб шадидтар аз таҳримҳои қаблӣ буда, риштаҳои густардаи низомӣ ва молиявиро фаро мегирад. Ин таҳримҳо ба нишони нобоварии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хислати осоиштаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон тасвиб шуданд.

Бино ба таҳримҳои нав ҳамаи киштиҳои Эрон барои кашф ва мусодираи маводи мамнӯъ мавриди талошӣ қарор мегиранд ва 40 ниҳоду афроди дигар ба феҳрасте ворид мешаванд, ки сафари онҳо маҳдуд хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG