Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, ки дар ҳузури фарҳангиёни тоҷик, дар вокуниш ба қатъномаи Шӯрои Амният алайҳи Эрон гуфт, «ин қатънома мисли як дастмолест, ки истифода шудааст».

Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, аз чапу рост алайҳи мо қатънома содир мекунанд, вале ин ҳама пашизе, арзиш надорад. Ӯ ин суханонро дар зимни мулоқот бо фарҳангиён ва зиёиёни тоҷик шоми рӯзи 9 -уми июн дар шаҳри Душанбе изҳор намуд. Мулоқоти Маҳмуди Аҳмадинажод бо зиёиёни тоҷик ҳудуди се соат идома кард.



Чаҳорум бастаи таҳримҳо бар зидди Эрон

Шӯрои Амнияти СММ имрӯз чаҳорумин бастаи таҳримҳо бар зидди Эронро ба тасвиб расонд. 12 кишвар аз 15 узви шӯро аз таҳримоҳи нав пуштибонӣ карданд, вале Бразилия ва Туркия раъйи мухолиф дода, Лубнон аз ширкат дар раъйдиҳӣ худдорӣ кард.

Таҳримҳои нав дар таҳияи Бритониё ва Фаронса ва бо пуштибонии Русияву Чин ба маротиб шадидтар аз таҳримҳои қаблӣ буда, риштаҳои густардаи низомӣ ва молиявиро фаро мегирад. Ин таҳримҳо ба нишони нобоварии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хислати осоиштаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон тасвиб шуданд.

Бино ба таҳримҳои нав ҳамаи киштиҳои Эрон барои кашф ва мусодираи маводи мамнӯъ мавриди талошӣ қарор мегиранд ва 40 ниҳоду афроди дигар ба феҳрасте ворид мешаванд, ки сафари онҳо маҳдуд хоҳад гашт.

Ҳушдори раисиҷумҳури Эрон

Як рӯз пеш аз раъйдиҳӣ дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҳамоиши Истамбул гуфт, агар қатъномаи пешниҳодии Иёлоти Муттаҳида ба тасвиб расад, Эрон раванди гуфтушунид бо қудратҳои ғарбиро роҷеъ ба барномаи ҳастаии хеш қатъ хоҳад кард.

Дар ҳоле ки таҳияи таҳримҳои нав беш аз як моҳ идома дошт, ҳамаи ин муддат Русия ва Чин ба ҷорӣ кардани онҳо мухолифат доштанд. Соате пеш аз раъйдиҳӣ дар Шӯрои Амният Иёлоти Муттаҳида, Фаронса ва Русия муносибати худро ба созишномаи табодули сӯхти ҳастаии Эрон расман баён доштанд. Онҳо ин санадро дар расидагӣ ба нигарониҳои марбути барномаи ҳастаии Эрон нокофӣ хонданд.

Бино бар қарордоде, ки Теҳрон моҳи гузашта бо Бразилия ва Туркия ба имзо расонд, Теҳрон мебоист урани камтар ғанишудаи худро ба Туркия мефиристод ва дар иваз сӯхти ҳастаӣ мегирифт. Вале созишнома ба масъалаи ғанигардонии уран дар қаламрави Эрон дахл намекард.

Ба ин далел қудратҳои ғарбӣ нигаронанд, ки фаъолиятҳои ҳастаии Эрон хосияти дугона дорад ва Теҳрон мехоҳад, соҳиби силоҳи ҳастаӣ шавад. Аммо худи Эрон ин гумонҳоро батакрор рад ва ба хосияти сулҳомези барномаи ҳастаии худ таъкид кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG