Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия арақ ду баробар қиматтар мешавад


Ҳукумати Русия мехоҳад, то соли 2013 камтарин нархи як шиша арақро ба 200 рубл ё 6 доллару 30 сент расонад. Ноиби вазири молияи Русия, Сергей Шаталов мегӯяд, "арақ набояд арзон бошад, зеро он маводи мавриди ниёзи аввалия нест. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев соли гузашта дастур дода буд, зидди майзадагӣ дар Русия бо ҳама роҳҳои мумкин ва самарабахш мубориза шавад. Бар пояи ин талошҳо то аввали соли оянда нархи ним литр арақ аз 89 рубл ба 120 хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG