Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гейтс: ИА сабаби тағйири сиёсатҳои Туркия шуд


Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида, Роберт Гейтс, гуфт, Иттиҳоди Аврупо бо напазируфтани Туркия ба сафҳои хеш онро аз худ дур кард ба самти шарқ тела дод. Вай дар суханроние дар Лондон гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои он бояд хеле амиқ ва дур фикр кунанд, ки чаро Туркия сиёсатҳои худро тағйир дод. Вай пешниҳод кард, роҳҳои таҳкими равобити Ғарб бо Туркия низ андешида шаванд. Гейтс аз бад шудани равобити байни Туркия ва Исроил сари ҳамлаи марговари исроилиҳо ба киштиҳои кӯмакҳои башардӯстона изҳори нигаронӣ кард.
XS
SM
MD
LG