Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархбол аз оташи Толибон суқут кардааст


Ҳарбиёни НАТО ва Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон мегӯянд, як чархболи онҳо дар ҷануби ин кишвар ҳадафи ҳамлаи шӯришиён қарор гирифта, суқут кардааст. Сухангӯи нерӯҳои Паймони Атлантики Шимолӣ гуфт, дар натиҷаи суқути чархболи ҳарбӣ дар вилояти Ҳилманд 4 сарбози амрикоӣ ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти давлати Афғонистон дар Ҳилманд ини хабарро тасдиқ карданд ва мегӯянд, чархбол дар ноҳияи Сангин фурӯ афтода, мунфаҷир шудааст. Ҷунбиши Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG