Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳи Австралия гузоришеро дар бораи Шохисҳои Сулҳи Ҷаҳон нашр ва вазъи ҷаҳонро дар соли 2009 ноамнтар арзёбӣ кардааст. Раддабандии Шохиси Сулҳ дар байни 149 кишвар анҷом шудааст.

Дар он сатҳи ҷинояту хушунат, заминаҳо барои анҷоми амалҳои терористӣ равобит бо ҳамсоякишварҳо ба баррасӣ гирифта шуд. Чун солҳои қаблӣ, Ироқ ва Афғонистону Покистон аз аз ҷиҳати оштипазирӣ дар хати поёнӣ ҷой шудаанд ва Русияву Гуҷистон коҳиши раддабандиро таҷриба кардаанд.

Соли дуввум аст, ки гузориши Шохиси Сулҳи Ҷаҳон ба коҳиши оштипазирӣ дар ҷаҳон ишорат мекунад. Дар 149 кишвари Ҷаҳон, ки бар пояи Шохиси Сулҳ мавриди баррасӣ қарор доштанд, омилҳое ҳамчун харҷи низомӣ, замина барои анҷоми амалҳои террористӣ ва равобит бо ҳамсояҳо омӯхта шуд.

Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳи Австралия дар муйаян кардани раддабандии Шохиси Сулҳи Ҷаҳон ё Индекси Сулҳи Ҷаҳон бештар аз 20 омили дохиливу хориҷиро матраҳ кардааст. Дар ин Индекс ҳамчунин аз иттилоъи созмонҳое бонуфузи байналмилалӣ, мисли Созмони Милали Муттҳаид, Авфи Байналмилалӣ ва пажӯҳишгарони умури сулҳ истифода кардааст.

Дар чаҳор соли фаъолият Шохиси Сулҳ аввалин пажӯҳишест, ки ғояҳои сулҳро ба чолиш кашидааст.

Фасод ва омилҳои сиёсӣ

Клайд Макконеҷӣ, раҳбари шӯрои пажуҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ мегӯяд, поинравии соли гузашта, асосан бар пояи таҳаввулот дар дохили кишварҳо буд.

Ӯ мегӯяд: "Ҷаҳон дар тӯли 12 моҳи гузашта камтар бо сулҳ омезиш дошт, бахусус бинобар бад шудани нишондодҳои дохилӣ. Ин нишондодҳо ба сатҳи куштор дар саросари ҷаҳон, афзоиши сатҳи фасод ва баъзе ноамниҳои сиёсӣ дар дунё далолат мекунанд. Инҳо ҳама дар якҷоягӣ ба назари мо як-ду дарсад ба сифати сулҳ дар ҷаҳон таъсир гузоштаанд."

Низоъҳои хориҷӣ низ аз худ аломат додаанд. Бинобар пойбарҷо будани паёмади ҷанги Гурҷистон дар соли 2008 ва эҳтимоли бурузи низоъҳои тоза ва коҳиши равобит бо Гурҷистон Русия дар раддабандии Шохиси Сулҳ ба ҷои 143 фаромад. Гурҷистон низ дар ин ҷойгоҳ Русияро ҳамроҳӣ кардааст.

Коҳиши эътидоли сиёсӣ

Эндрю Уилямсон, пажуҳишгар аз Economist Intellijence Unit, ки дар ин мавзӯъ пажӯҳишҳоеро анҷом додааст мегӯяд, Гурҷистон бо силсилаи тазоҳуротҳои хушунатбор, коҳиши эътидоли сиёсӣ, харҷҳои низомӣ, коҳиши маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ ва воридоти силоҳ ба тарозуи Шохиси Сулҳ баркашида шудааст.

Ҷойи тааҷҷуб нест, ки дар идомаи рӯйхат ба думболи Русияву Гурҷистон Ироқ ҷойгир шудааст. Бинобар ноамнӣ ва ҳуҷуми шӯришгарон ин кишвар соли чаҳорум аст, ки ба феҳрасти кишварҳои ноамн ворид шудааст.

Дар ин феҳраст ду қадам болотар аз Ироқ Афғонистон ҷойгир шудааст, ба хотири ҳуҷумҳои террористӣ, бемакон шудани мардум ва идомаи амалиёти НАТО дар дохили ин кишвар.

Аз кишварҳои Осиёи Маркази Туркманистон ҷойи 117, Узбакистон 110 ва Қазоқистон ҷойи 95 ро касб кардаанд.
XS
SM
MD
LG