Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари гирдиҳамоии журналистон дар баробари сафорати Узбакистон дар Душанбе таассуроти духӯрае аз худ боқӣ мегузорад ва андешаҳои тазодомезеро ба миён меорад.

Бархе бар журналистон дуруд хоҳанд фиристод, ки дар амал низ ватандӯстии хешро исбот карданд. Аммо бархи дигар пурсишеро ба миён хоҳанд гузошт, ки оё журналистон бо ин иқдом ба рисолати хеш латма назаданд? Савумиҳо шубҳа хоҳанд кард, ки ин гирдиҳамоӣ, пас аз ҳассосияти қариб 20-солаи ҳукумати Тоҷикистон ба ҳама гуна эътирози дастаҷамъона, бо дастури "боло" сар назада бошад. Ин ҳам, аллакай, сояе ба рӯи шаъни ҳирфаӣ хоҳад буд.
оҳ агар ҳоло ва дар ҳамин ҷо Усома бин Лодинро вомехӯрдам ва бо ин шоф сари ӯро аз танаш ҷудо мекардам...

Аммо журналисти чирадаст Абдулазими Абдулваҳҳоб шояд бо идроки таҳтушшуронаи ин "ғаш"-ҳои ниҳони гирдиҳамоии 9-уми июн гуфт, ки на ҳамчун журналист, балки ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон пой ба майдони эътироз ниҳодааст. Хуб, он гоҳ чаро ин эътироз "гирдиҳамоии журналистон" номида шуд?

Гирдиҳамоӣ шояд аз он ҷо маншаъ мегирад, ки журналистон шаҳрвандони озодандеш, пажӯҳишгар, ростгӯ ва ҷасуранд? Шояд. Лекин байни ширкати журналист дар гирдиҳамоии умумии шаҳрвандон ва ташкили гирдиҳамоии ҳамкасбон аз тарафи худи журналистон фарқҳое ҳаст.

Назариядону назарияпардози журналистика нестам, балки бештар амалгароям ва менависам, онгуна ки метавонам. Аммо намешавад гуфт, ба ончӣ дастандаркорони ин касб мекунанд, таваҷҷӯҳ надорам. Баракс хеле мутаваҷҷеҳам. Гоҳе ҳамчун журналист бо мақсади омӯзиш ва гоҳе ҳамчун шаҳрванд бо ҳадафи дарёфти маълумот.

Ҳамчун хонанда, бинанда, шунаванда ман аз журналисти хуб доварӣ ё омӯзгориро интизор нестам. Чунончӣ, ҳамин як-ду рӯз пеш ҳамчун бинанда аз як намоиши телевизиони Евронюз (6 июни 2010) ба маънои томаш такон хӯрдам. Дар он муҷрии Радиои форсии Исроил, ки аз солҳо инҷониб шефтаи кораш будам, гуфт, “бояд иншооти ҳастаии Эронро дар ду мавзеъ – Натанз ва Исфаҳон бомбаборон кард, вале ин як ҳалли кӯтоҳмуддат хоҳад буд.” Агар ин ҳарфро генерале мегуфт ва ё ҳатто як шаҳрванди одие, маро парвое набуд.

Ё журналисти машҳури FoxTV Ҷералдо Ривера дар як гузоришаш аз Афғонистон дар соли 2002 шофи дарозеро аз камар баркашид ва хитоб кард, "оҳ агар ҳоло ва дар ҳамин ҷо Усома бин Лодинро вомехӯрдам ва бо ин шоф сари ӯро аз танаш ҷудо мекардам." Ин суханони Ривера баҳсҳои доманадореро ба бор овард ва ӯ мухлисони зиёди худро аз даст дод. Вале ҳамзамон мухлисони наве пайдо кард. Аммо фарқ байни ин ду навъи мухлисон хеле бузург буд.

Дере нагузашта ҳамкасбони ҷиддии Ривера низ аз ӯ интиқод карданд ва фосила гирифтанд. Ӯро як шахси моҷароҷӯй ва шӯҳратталаб шумурданд. Ҳол он ки бе ин ҳам Ривера дар Амрико аз чеҳраҳои машҳур аст. "Ню Йорк Таймс" ӯро шахсе гирифтори идеологияи носолим номид.

Ёдоварии ин рӯйдодҳо суолеро дар зеҳнам гардон кард, ки журналистикаи муосири мо оё маромнома, назария ва идеологияи муайяне дорад? Оё як хатти сирот-ул-мустақиме ҳаст? Ресмоне, ки ҳама онро даст гиранд ва паҳлуи ҳам бошанд? Он ин ба истиҳоҳ идеология чӣ буда метавонад? Ҷомеасолорӣ? Миллигароӣ? Хабаррасонии бетарафона? Миёнаравӣ? Муфаттишӣ? Нозирӣ? Мубаллиғӣ! Ва ё қиссагӯӣ барои саргармии дигарон? Ё ҳама дар як? Ва ё аслан ҳеч идеологияе даркор нест?

Ҳоло ба андеша меравам, агар сарони Тоҷикистону Узбакистон ва ҳукуматҳои ин ду кишвар натавонистанд, мушкили ҷиддиеро, ки ба миён омадааст, ҳал кунанд, оё журналистони ду кишвар метавонанд, аз роҳи дипломатияи мардумӣ ва дар ҳамоҳангӣ ба ҳалли онҳо пардозанд? Пас ҳоло хабари тазоҳуроти журналистони тоҷикро ҳамкасбони онҳо дар Узбакистон чӣ гуна пазируфта бошанд? Оё тафоҳум бештар хоҳад шуд ё адоват?

Иқдоми журналистони мо дафъатан онҳоро ба ҳадафи чандгона табдил медиҳад. Ҳамин мардуме, ки онҳо хостанд, мисли садобар ё баландгӯяк садояшонро ба гӯши афроди масъул расонанд, акнун менависанд, ки "хуб мешуд агар дар баробари шиорҳо бо талаби раҳо кардани вагонҳо ду се хабарнигор бо худ шиорҳо бо талаби озод шудани маҳбусони сиёсӣ, катъи ғорати мардум дар роҳи Душанбе Хуҷанд, баргузоршавии интихоботи озод низ бо худ медоштанд."

Ва менависанд, агар ин гуна набуд, пас ин гирдиҳамоӣ бо дастури "боло" шудааст. Шояд аз таффи ватанхоҳӣ буд? Ҳарчанд мумкин як амали "дон-кихотонае" бошад, барои бедор кардани ҷомеае, ки худ талоши ҳаққи хешро надорад. Яке пешниҳод кардааст, ки журналситон барои ронандагони "Тангем"-ҳо низ як гирдиҳамоӣ ҷӯр кунанд.

Аммо шояд ин қадам як занги ҳушдоре ба сиёсатмадорон аст, ки набояд вазъро то ба нуқтаи инфиҷор расонд. Дар ҳар сурат наметавон гуфт, чаҳорчӯби "ҳокимияти чаҳорум" барои ҷавонон тангӣ кардааст? Содатар аз ин нокифоятӣ кардааст. Зеро ҳанӯз воқеан ба ҳокимият табдил наёфтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG