Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нархи бензин дар Тоҷикистон боло хоҳад рафт


Ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон" огоҳ мекунад, ки бо сабаби ҷорӣ шудани пардохти содиротии Русия нархи 1 литр бензин дар фурӯшгоҳҳои он сар аз 10-уми июн баланд шуда, тақрибан ба 4 сомониву 30, 4 сомониву 40 дирам хоҳад расид. Дар изҳороти худ ин ширкат гуфтааст, азбаски ҳукумати Федерасюни Русия ин пардохтро моҳ ба моҳ ва бо назардошти нархҳои ҷаҳонӣ тағйир хоҳад дод, нархи бензин ба сурати умум 93 дирам афзоиш хоҳад ёфт. Ҳукумати Русия пардохти навро дар аввали моҳи май ҷорӣ карда буд, ки сабаби боло ҷаҳидани нархи бензин дар Тоҷикистон шуд.
XS
SM
MD
LG