Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол аз 11-уми июн то 11-уми июли соли 2010 дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ баргузор хоҳад шуд.

Сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол барои бори аввал дар қораи Африқо бо ширкати 32 дастаи мунтахаб дар 8 гурӯҳ доир мешавад.

Радиои Озодӣ барои мухлисони футбол озмун эълон мекунад.

Ба ширкаткунандагони озмун се савол пешниҳод мешавад:

1. Чаҳор дастаеро номбар кунед, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд?

2. Кадом дастаҳо ба бозии ниҳоӣ роҳхат мегиранд ва кадом даста қаҳрамони ҷаҳон мешавад? Ҳисоби бозии ниҳоиро пешгӯӣ кунед.

3.Кӣ беҳтарин нишонзан мешавад ва чанд гол мезанад?

Аз ширкаткунандагони озмун хоҳиш карда мешавад, ки ҷавобҳои худро ба воситаи почтаи электронӣ (e-mail): latipov@rferl.tajnet.com то 20-уми июни соли 2010 бифиристанд.

Ғолибони озмун бо тӯҳфаҳо сарфароз хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG