Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши уфуни полиомелит дар Тоҷикистон


Ноиби вазири тандурустии Тоҷикистон Аъзам Мирзоев мегӯяд, теъдоди гумонбаршудагони бемории полиомелит шадидан коҳиш ёфтааст. Дар мусоҳиба бо сомонаи интернетии ИРИН, ки марбут ба бунгоҳҳои СММ аст, Мирзоев гуфтааст, ин коҳиш дар ҳоле ба мушоҳида мерасад, ки 99,6 дарсади кӯдакон ва наврасон дар Тоҷикистон эми зидди полиомелит гирифтанд. Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Душанбе Сантино Северонӣ низ ин иттилоъро тасдиқ кард ва гуфт, даври дувуми моякӯбӣ низ бо муваффақият пеш меравад. Вай гуфт, аз 586 мавриди сирояти эҳтимолӣ 183 нафари бемор мушаххас шуда буд. Ҳоло ин шумора 129 нафарро ташкил медиҳад. Даври савуми эмгузаронӣ аз 15 то 19-уми июн идома карда, аз шаш то 15-солаҳоро фаро хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG