Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Русия ду товуси бесанадро ихроҷ карданд


Мақомоти Русия ду товусро, ки як муҳоҷири тоҷик аз Хуҷанд ба Сургути Русия интиқол медод, ба зиндагӣ дар Русия иҷоза надоданд ва аз кишвари худ ихроҷ карданд. Кормандони гумруки Русия бо сабаби он ки ин мурғҳои зебои шоҳона санади тиббӣ надоштанд, онҳоро бозпас ба Тоҷикистон фиристоданд. Муҳоҷири тоҷик онҳоро дар борхалтаҳое бо ҳавопаймо ба Сургут интиқол дода буд ва барои ин маҷбур буд, думи онҳоро печида бубандад. Маълум нест, вай онҳоро барои фурӯхтан ба Сургут бурда буд, ё барои худ. Ахиран сарватмандони Русия одат пайдо кардаанд, ки ҳайвонҳои нодиреро дар чаҳорбоғу бӯстонсароҳои худ нигаҳдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG