Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паёми Аҳмадинажод ба конфаронси "Оби ҳаётбахш" дар Душанбе


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, дар конфронси байнулмилалии «Оби ҳаётбахш» дар Душанбе гуфт, дар ҷаҳони муосир масрафи воқеии об нисбат ба ниёзи мардум ба маротиб бештар аст ва барои таъмини мардум бо оби тоза бояд аз исрофи об ҷилавгирӣ кард. Вай афзуд, Эрон бо истифода аз фанновариҳои муосир дар масъалаи поксозӣ, ҳифз ва масрафи дурусти об муваффақ шудааст ва омодааст таҷрибаи худро ба дигар кишварҳо пешкаш кунад. Маҳмуди Аҳмадинажод, ки бомдоди 9-уми июн вориди Душанбе шуд, дар дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамчунин мавзӯъҳои минтақаӣ ва байнулмилалиро баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG