Пайвандҳои дастрасӣ

Райъдиҳии Шӯрои Амният ба таҳримҳои нави зидди Эрон


Шӯрои Амнияти Созмони Милал имрӯз қатъномаи таҳримҳои нави зидди Эронро ба раъйдиҳӣ мегузорад. Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон гуфт, таҳримҳои нав чаҳорумин ва шадидтарин бахши таҳримҳои зидди фаъолиятҳои ҳастаии Эрон хоҳад буд. Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст, агар ин тарҳ ба тасвиб расад, кишвараш гуфтушунид бо қудратҳои ғарбиро қатъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG