Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол ҳамагӣ 12 дастаи мунтахаби кишварҳои аъзои Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) ширкат кардааст.

Нахустин бор аз қораи Осиё дастаи мунтахаби Индонезия соли 1938 дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Фаронса ширкат кардааст.

Кореяи Ҷанубӣ дуввумин дастаест, ки Осиёро дар сабқати ҷаҳонӣ соли 1954 дар Швейтсария намояндагӣ кардааст.

Кореяи Шимолӣ севвумин ширкаткунандаи Ҷоми ҷаҳонии футбол аз Осиё маҳсуб мешавад, ки соли 1966 дар Инглистон рақобат кардааст.

Баъдан дастаҳои зерин аз қитъаи Осиё ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифтаанд:
Исроил - соли 1970 (Мексика)
Эрон – соли 1978 (Аргентина)
Кувайт - соли 1982 (Испания)
Ироқ ва Кореяи Ҷанубӣ - соли 1986 (Мексика)
Аморати Муттаҳидаи Араб ва Кореяи Ҷанубӣ- соли 1990 (Италия)
Арабистони Саудӣ ва Кореяи Ҷанубӣ - соли 1994 (ИМА)
Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон ва Ҷопон – соли 1998 (Фаронса)
Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Чин – соли 2002 (Кореяи Ҷанубӣ-Ҷопон)
Австралия, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Эрон – соли 2006 (Олмон)
Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ, Ҷопон – соли 2010 (ҶАҶ)
XS
SM
MD
LG