Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Бан Ги Мун ба давлати Исроил


Бан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз Исроил хост, ба таҳқиқи байналмилалии юриши маргбораш ба киштии кӯмакрасон барои Навори Ғазза мувофиқат кунад. Фарҳон Ҳақ, сухангӯи Созмони Милал гуфт, Бан Ги Мун мехоҳад, таъкид кунад, ки “саҳми эътимодбахши байналмилалӣ дар таҳқиқи фаврӣ, воқеъбинона, бетарафона ва шафоф фавқуллода муҳим аст.” Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ аз даъватҳои байналмилалӣ барои таҳқиқи юриши Исроил ҳимоят кард. Филип Кровлӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, кишвараш “мефаҳмад, ки нақши байналмилалӣ барои дар таҳқиқи воқеъбинонаи чунин масоил муҳим аст.“ Шӯрои Амнияти Созмони Милал баъди юриши Исроил ба киштии кӯмакрасони Ғазза дар рӯзи 31 май, ки бо марги нӯҳ нафар аслан шаҳрвандони Туркия анҷомид ба таҳқиқи ин қазия даъват кард.
XS
SM
MD
LG