Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷарима барои истифодаи забони омиёна


Додгоҳи Ҷумҳурии Белорус, яке аз фаъолони мухолифинро ба авбошӣ гунаҳкор дониста ва ӯро 35 доллар ҷарима кардааст. Ба гуфтаи додгоҳ, Сергей Коваленко, узви Ҷабҳаи Миллии Белорус, рӯзи 8 май дар остонаи таҷлили Иди Пирӯзӣ “аз забони омиёна дар макони умумӣ” истифода кардааст. Пулиси Белорус, Сергей Коваленко ва бародарашро дар як мағозаи шаҳри Минск дастгир карда ва барои чанд рӯз дар боздоштгоҳ нигаҳ доштааст. Ҳарду мегӯянд, ки боздошташон ангезаҳои сиёсӣ дорадва мақомот хостаанд, ба ҳамин роҳ монеъи ширкати онҳо дар ҳамоиши мухолифин шаванд.
XS
SM
MD
LG