Пайвандҳои дастрасӣ

Гейтс:Қатъномаи зидди Эрон ба зудӣ ба тасвиб мерасад


Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико мегӯяд, вай умедвор аст, ки Шӯрои Амнияти СММ қатъномаи нави таҳримҳои зидди Эронро барои барномаҳои зиддунақизи ҳастаиаш ба ин зудиҳо ба тасвиб хоҳад расонд. Вай дар як нишасти хабарӣ бо Лиам Фокс-вазири дифои Британия ин нуктаро дар Лондон изҳор дошт:

"Дар бораи он ки чӣ қадр зуд кишварҳо баъди омода шудани қатънома онро ба тасвиб мерасонанд, ман гуфтам, ки дар бисёр ҳолатҳо аҳамияти ин қатънома ин аст, ки он заминаи қонуниро барои кишварҳои алоҳида фароҳам меорад ва онҳо метавонанд худашон низ берун аз қатънома даст ба иқдом бизананд".

Гейтс афзуд, маҳофили байналмиллалӣ тавони муттаваққиф сохтани густариши аслиҳаи ҳастаии Эронро доранд. Қаблан Владимир Пути-нахуствазири Русия низ гуфт, ки қатъномаи нави зидди Эрон амалан ба тавофуқ расидааст.


XS
SM
MD
LG