Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СБП ба Тоҷикистон ваъдаи қарз дод


Люк Моерс, мудири намояндагии Сандуқи байнулмилалии пул дар Душанбе
Люк Моерс, мудири намояндагии Сандуқи байнулмилалии пул дар Душанбе

Сандуқи байнулмилалии пул гуфтааст, ҳарчанд Тоҷикистон дар ду маврид ӯҳдадориҳои худро сари вақт иҷро накарда бошад ҳам, аммо СПБ ба ин кишвари фақрзада беш аз 38 миллион доллари амрикоӣ қарз хоҳад дод.

Ӯҳдадориҳое, ки Тоҷикистон иҷро накардааст, нотавонии ҳукумати ин кишвар дар амри пардохти қарзи дохила, аз ҷумла маоши коргарони буҷавиву нафақахӯрон ва таъхир дар пардохти қарзи хориҷӣ унвон мешавад.

Аммо Лолита Қурбонова, сухангӯи Сандуқи байнулмилалии пул дар Душанбе, мегӯяд, дар нишасти шӯрои мудирони СБП изҳори умедворӣ шуд, ки Тоҷикистон иқтисодиёти худро рушд медиҳад, аз ҷумла бо суръат бахшидани сохтмони нерӯгоҳи Роғун заминае барои қавӣ кардани иқтисодиёти Тоҷикистон пеш хоҳад омад.

Осеби сангини Тоҷикистон аз бӯҳрони молӣ

Ҳамчунин, дар ин нишаст таъкид шудааст, ки Тоҷикистон бар асари бӯҳрони ҷаҳонии молӣ осеби сангин дида, зиёда аз ин интиқоли маблағи муҳоҷирони корӣ, ки дар иқтисодиёти кишвар нақши муҳим дорад, ба шиддат коҳиш ёфтааст. Ва ин омилҳо боис шудааст, то Сандуқи байнулмиллалии пул барои додани қарз розӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол Умар Абдураҳмонов, як иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, дар аксар маврид Тоҷикистон қарзҳои хориҷиии худро ба мақсад истифода намекунад.

Вай мегӯяд, «қарзҳое, ки аз хориҷа мегирем, бояд мақсаднок истифода барем. Мақсади созмонҳои байнулмиллалии молиявӣ низ дар ҳамин аст, ҳарчанд фоизҳои муайяни худро талаб мекунанд. Қарзҳое, ки барои бунёди нерӯгоҳҳои барқии хӯрд ё корхонаи хӯрди истеҳсолӣ равона шудаанд, албатта баргардонида мешаванд. Ин қарзҳо фоидаоваранд, ба шарте мақсаднок истифода шаванд».

Кишвари ғутида дар қарз

Бино ба гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон, қарзи хориҷии Тоҷикистон баробар ба 1 миллиарду 691 миллион доллар аст, ки муодили 36 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилист. Ба назари аксари иқтисоддонҳо, имконоти феълии иқтисодиётии ин кишвар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон тавони баргардони қарзҳои хориҷиро дар мӯҳлати муайяншуда надорад ва ин метавонад Душанберо вориди баҳсҳои ҷиддӣ бо созмонҳои байнулмилалии иқтисодӣ кунад.

Аммо дар ҳамин ҳол Темуралӣ Афғонов, сардори раёсати қарзҳои хориҷиии Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, «бештари қарзҳо аслан ба мӯҳлатҳои аз 20 то 40 сол дода мешавад ва фоизи солонаи онҳо аз 0,15 фоиз то 2 фоизро ташкил медиҳад. Яъне, инҳо имтиёзнок буда, дар оянда ҳеҷ таъсири баде ба иқтисодиёти Тоҷикистон намерасонанд».

Дар ҳоли ҳозир бар пояи хабари Вазорати молияи Тоҷикистон, ин кишвар аз ниҳодҳои сармоягузории ҷаҳонӣ, аз ҷумла Сандуқи байнулмиллалии пул беш аз 40 миллион доллар, Бонки ҷаҳонӣ - ҳудуди 372 миллион доллар, Бонки осиёиии рушд - беш аз 300 миллион доллар ва Эксимбонки ҷумҳурии мардумии Чин - наздики 631 миллион доллар қарздор аст.
XS
SM
MD
LG