Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон нақшаи раду бадали боздоштшудагонро надорад


Имрӯз мақомоти Эрон гуфтанд, ки ин кишвар раду бадали се шаҳрванди Амрикоӣ бо донишманди эрониро, ки дар Амрико нигҳдорӣ мешавад, ба нақша нагирифтааст. Хабаргузории Ройтерз дар ин бора аз Ромин Меҳмонпараст-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Эрон нақли қавл кардааст. Вай ҳамчунин пешниҳодҳоро дар ин бора, ки сарнавишти се амрикоӣ бо Шаҳром Амирӣ-донишманди эронӣ иртибот дорад, рад кард. Эрон мегӯяд, Амирӣ, ки соли 2009 дар Арабистони Саудӣ бедарак шуда буд, аз ҷониби Амрико рабуда шудааст. Эрон моҳи июли соли гузашта се амрикоиро боздошт кард ва гуфт онҳо ғайриқонунӣ вориди хоки Эрон шудаанд ва ҷосусӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG