Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сирри муваффақияти ҷомеаи Амрико дар роҳи мубориза алайҳи хушунати хонаводаӣ нисбат ба занону кӯдакон дар он аст, ки амрикоиҳо ғуломи қонунанд. Ин аст, хулосаи фаъолони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занон ва кӯдакони Тоҷикистон, ки барои табодули таҷриба дар ин самт ба Амрико сафар доштанд.

Ин барнома бо ҳадафи истифода аз таҷриба ва усулҳои муваффақи Амрико дар ин самт аз ҷониби ҳукумати Амрико роҳандозӣ шудааст. Дар доираи ин барнома намояндагони даҳ созмони ҷамъиятӣ ба аёлотӣ Калифорнияи Амрико сафар намуда, дар оилаҳои маҳаллӣ зиндагӣ ва бо ҳамтоёни амрикоияшон омилҳои аслӣ ва роҳҳои пешгирии хушунати хонаводаиро баррасӣ карданд.

Сурайё Мардонова, раҳбари маркази коромӯзӣ ва мусоидати иҷтимоӣ, таасуроти худро аз ин сафар чунин баён мекунад: «агар як шаҳрванди амрикоӣ 30 сол қабл хушунати хонаводаиро дар хонаи ҳамсояаш медид, хомуш менишаст, аммо имрӯз чунин нест. Мабодо шоҳиди чунин ҳодиса шаванд, бетараф набуда, ҳатман ба пулис хабар медиҳанд. Агар маълумот надиҳанд, ба ҷиноят шарик маҳсуб мешаванд. Ба назари ман, пешравии онҳо дар он аст, ки ҳама ғуломи қонунанд».

Хонум Сурайё мегӯяд, мушкили пешгирии хушунати хонаводаӣ дар Тоҷикистон адами як қонуни вижа аст. Вай меафзояд, «масъалаи дигар маблағгузорӣ аст. Мо дар Амрико созмонҳои ҷамъиятӣ аз сӯи ҳукумати маҳаллӣ маблағгузорӣ мешавад. Баъдан агар соҳибкорони хусусӣ созмонҳои ҷамъиятиро маблағгузорӣ кунанд, онҳо аз пардохти андоз озод мешаванд. Дар ҷомеаи мо шояд барои ин корҳо барвақт аст. Ва ҳоло ягона умеди созмонҳои ҷамъиятӣ ба маблағҳои созмонҳои байнулмилалист. Аз ин рӯ пешравӣ дар роҳи мубориза алайҳи хушунати хонаводаӣ камтар мушоҳида мешавад».

Дар ҷараёни сафар ба ширкатдорон усулҳои идора кардани паноҳгоҳҳои ҳуқуқиву иҷтимоӣ ба қурбониёни хушунат ва усулҳои нави ба зиндагии солим баргардонидани онҳо омӯзонида шудааст.

Ширкатдорони ин барнома гуфтанд, донишҳои дар ҷараёни сафар андухтаи хешро дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои занону кӯдакони тоҷик истифода хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG