Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пагоҳ Аҳмадинажод ба Тоҷикистон меояд


Пагоҳ Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон барои як боздиди корӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад. Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки 9-ӯми июн дар ҷараёни ин боздид Эмомалӣ Раҳмон ва Аҳмадинажод бо ҳам мулоқот ва ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд. Интизор меравад, ки Маҳмуди Аҳмадинажод дар яке аз ҷаласаҳои конфронси байналмиллалии об дар Душанбе низ ширкат кунад. Байни Тоҷикистон ва Эрон тиҷорати хусусӣ рушд кардааст ва Эрон дар сохтмони ниругоҳи барқи обии Сангтӯда-2 ва нақби "Истиқлол" бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.
XS
SM
MD
LG