Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба маълумоти мақомоти идораи роҳи оҳани Суғд, Русия баъд аз манъи воридоти меваи хушки Тоҷикистон аз қаламраваш беш аз 450 тон меваи хушкро ба Хуҷанд бозпас гардонидааст.

Убайдулло Обидов, муовини сардори хадамоти боркашӣ дар бахши корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар Хуҷанд дар як суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Русия 8 вагони пур аз меваи хушкро ба Хуҷанд бозпас гардонидааст.

Бархе аз расонаҳои Русия ахиран навиштанд, ки мақомоти ин кишвар ҳудуди 5,5 ҳазор тон меваи хушки Тоҷикистонро ношоям ҳисобида, ба бардоштан аз бозору фурӯшгоҳҳо ва сӯзонидану нобуд кардан амр додаанд.

Меваи хушк дар намоишгоҳи нишасти байнулмилалии «Об барои хаёт», ки дар Душанбе оғоз ёфт, як бахши муҳимро ташкил медод, эҳтимол ба хотири он ки таваҷҷуҳи иштирокдорони ин нишасти сатҳи олиро ба ин мушкилоти доғи Тоҷикистон ҷалб намояд.

Хадамоти назорат бар сифати маводи истеъмолии Русия як моҳ пеш, ба далели хуруҷи бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон ва кашфи нишонаҳои ин беморӣ дар як тифли тоҷик дар Русия воридоти меваҳои хушки Тоҷикистон ба қаламравашро манъ карда буд . Аммо мақомоти Русия то ҳол аз кашфи ангезандаи бемории фалаҷи кӯдак дар меваи хушк хабар надодаанд .

"Даъвои Русия асос надорад"

Мақомоти Суғд ба созмони ҷаҳонии тандурустӣ муроҷиат кардаанд, ки хуруҷи бемории фалаҷ дар минтақаи шимолии Тоҷикистон вуҷуд надорад, танҳо як кӯдак бо нишонаҳои ин беморӣ дар ноҳияи Айнӣ ба қайд гирифта шудааст ва даъвии Русия, ки меваи хушки Тоҷикистон як манбаъ паҳншавии ин беморӣ хоҳад буд, асосе надорад.

Ба назари Насиб Икромов, муовини раҳбари хадамоти беҳдошти Суғд, меваи зери офтоби сӯзон хушкшудаи Тоҷикистон эҳтимоли роҳ ёфтани ангезандаи бемории фалаҷро аз байн мебарад.

Бобоҷон Домуллоев, раҳбари идораи кишоварзӣ мегӯяд, меваи қабл аз хушконидан бо хокаи сулфур буғдода ҳар гуна ангезандаи бемориҳо ва кирму ҳашароти дигарро нобуд мекунад.

Русия беш 5 ҳазор тон меваи хушки Тоҷикистонро ношоям донист

Аммо бо ин вуҷуд, ба навиштаи бархе аз расонаҳои Русия, аз ҷумла Сибкрай. ру хадамоти назорат бар сифати маводи истеъмолии ин кишвар, Роспотребнадзор дар як моҳ беш аз 5 ҳазор тон меваи хушки зардолу ва чормағзи воридотии Тоҷикистонро барои истеъмол «ношоям» ҳисобида, аз фурӯш боздоштааст.

Анвар ном як тоҷири тоҷик, ки нав аз Маскав баргаштааст, ба Озодӣ гуфт, кормандони Роспетребнадзор назорати марказу амборҳои тиҷоратӣ ва бозору мағозаҳоро шадид карда, ба тоҷирони тоҷик амр медиҳанд меваи худро аз фурӯшгоҳҳо ҷамъ оварда, нобуд кунанд. Вай афзуд, ки вай 20 тон меваи хушк дошт, ки қисмоҳаи онро аз деҳқонон ба нас гирифта буд ва аз аввали баҳор дар даромадгоҳи чанд корхона ҳар рӯз савдо мекард. Ба гуфтаи ин мусоҳбам, касе ҳам аз харидорони рус то ҳол аз сифати мева шикоят накарда буд, аммо мақомоти беҳдоштии Маскав моҳи май 10 тонни онро мусодира карданд ва даромади тиҷорати семоҳаи ӯро барбод доданд. .

Боғдорони Суғд зарар мебинанд

Русия дар ҳоле содироти меваи хушки Тоҷикистонро ба кишвараш ва аз фурӯш боздоштани онро манъ кард, ки дар Тоҷикистон мавсими нави хушк кардани зардолу оғоз шудааст. Деҳқонон мегӯянд, ки имсол серҳосил омада, зери 100 ҳазор тон меваи хушки зардолу чормағз ҷамъ оварда хоҳад шуд.

Содироти тақрибан 95 дар сади меваи хушки Тоҷикистон ба минтақаи Суғд рост меояд. Ба маълумоти идораи кишоварзӣ, соли гузаштаи 2009 аз ин минтақа беш аз 80 ҳазор тон меваи хушк ба хориҷ, умдатан ба Русия ба маблағи 35 миллион доллари амрикоӣ содир шудааст. Аммо ба гуфтаи манобеъи ғайрирасмӣ. Суғд ба маротиб бештар аз нишондоди расмӣ меваи хушк содир мекунад.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, як сокини Исфара мегӯяд, манъи содироти меваи хушк ба Русия ба деҳқонони боғдори тоҷик зиёни молии зиёд расонд. Дар бозорҳои бузурги мевафурӯшии Суғд нархи зардолуву чормағзи хушк поин рафта, шумораи харидорон ҳам кам шудааст.

Дар ҷустуҷӯи бозорҳои нав

Ғайр аз ин нархи меваи як гектар боғи зардолу дар соли гузашта 4 – 5 ҳазор сомонӣ, ҳудуд 1 ҳазор доллари амрикоӣ буд, имсол то 3 ҳазор сомонӣ паст рафтааст. Деҳқонони тоҷик дар хавотиранд, ки хушкмеваи худро дар кадом бозор ба савдо хоҳанд гузошт .
Мақомот ва тоҷирон бозорҳои нав меҷӯянд.

Мақомоти кишоварзӣ мегӯянд, ки дар ҷустуҷӯи бозорҳои нав барои меваи хушк ҳастанд. Барои расидагӣ ба ин мушкил ҳукумати Суғд як ситоди вижа таъсис додааст.

Бобоҷон Домуллоев - раиси идораи кишоварзӣ ба Озодӣ гуфт, соҳибкорони Конибодом барои содири 10 ҳазор тон меваи хушк ба Урумчии Чин фармоиш гирифтаанд.

Ҳамчунин аз Қазоқистон низ чун як кишваре ном бурда мешавад, ки метавонад дар ояндаи наздик дар қабули меваи хушки Тоҷикистон Русияро иваз кунад.

Бархе аз ткоршиносону таҳлилгарони Суғд, аз ҷумла Ҷовиди Одил бар онанд, ки манъи содироти хушкмева ба Русия аз як ҷиҳат бар нафъи Тоҷикистон хоҳад буд, ки ин ҷонибро ба коркарди он дар дохили кишвар ва касби бозорҳои нав таҳрик медиҳад.

Аммо ҳарчанд мақомот соҳибкорони дохилиро аз чанд сол қабл ба кору фаъолият дар ин самт ташвиқ мекунанд, бисёр ба оҳистагӣ пеш меравад. Дар ҳоли ҳозир камтар аз даҳяки мева дар корхонаҳои худӣ мавриди коркард барои истеҳсоли шарбату обмеваҳо қарор мегирад .

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG