Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аэробуси А380 бо вуҷуди гаронӣ харидор дорад


Ширкати ҳавоии Emirates дар Дубай 32 аэробуси дигари навъи А380 харидорӣ кардааст. Арзиши умумии он 11 миллиард долларро ташкил додааст. Дар ин бора Шайх Аҳмад бин Саид ал Махдум-раиси иҷроии ин ширкати ҳавоӣ дар ҷараёни ошноӣ бо парвозҳо дар Берлин хабар дод. Emirates яке аз бузургтарин ширкатҳои ҳавоӣ дар Ховари Миёна ба шумор меравад. Аэробуси А380 дутабақа аст ва 525 мусофир мегирад. Emirates ҳоло 10 аэробуси навъи А380 дорад ва 52-тои дигар фармоиш додааст. Ин бузургтарин фармоиш барои ширкати ҳавопаймосозии Аэробуси аврупоӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG