Пайвандҳои дастрасӣ

Моҳира ва Нодира мехостанд дар рӯзи занги камолот ба дасти устодонашон гул тақдим кунанд. Аммо ин хоҳарон, сокинони хурдакаки деҳаи Тутхори ноҳияи Нуробод, ба ҳангоми гулчинӣ дар рӯдхонаи деҳаашон ғарқ шуданд.

Наҷиев Зайдулло, аз наздикони ин хонаводаи ғамдида мегӯяд, онҳо мехостанд аз хонаи бобояшон барои занги камолот гул биёваранд, аммо ба ҳангоми гузаштан Нодира ба оби даробаи деҳ меафтад ва Моҳира мехоҳад, то хоҳарашро аз об берун орад, вале худашро ҳам об мебарад.

Модари онҳо мегӯяд, тақрибан соатҳои 3-и рӯз Моҳира ва Нодира ба ӯ гуфтаанд, то иҷоза диҳад, ба хонаи бобояшон ба деҳаи Қалъанак барои гули садбарг бираванд, ки дар рӯзи занги камолот Моҳира устодони худро табрик бигӯяд.

Ин модари ғамдида меафзояд, ӯ дилаш пур буд, ки алакай фарзандони ӯ ба хонаи падараш расидаанд. Аммо аъзои ин хонавода замоне дар ҷустуҷӯи Моҳира ва Нодира мешаванд, ки падари онҳо Шералӣ Болтаев аз Душанбе ба хонаашон меояд.

Моҳира ва Нодира падари муҳоҷирашонро пешвоз нагирифтанд

Шералӣ, ки ҳамагӣ дар панҷ рӯзи пеш аз Русия омада буд, аз фавти фарзандонаш маҷоли ҳарф задан надорад. Ӯ гуфт вақте, ки аз Душанбе ба хона расид, чун ҳамеша Моҳира ва Нодира ӯро пешвоз нагирифтанд. Ва дар ҳол дилаш гувоҳӣ дод, ки чи воқеае рух додааст ва ба ҳама наздикону пайвандони худ тариқи телефон аз Моҳира ва Нодира суроғ гирифт. Аммо маълум мешавад, ки онҳо дар хонаи ягон нафар аз хешовандонаш набудаанд.

Мусоев Ғайратшо, сокини ин деҳа гуфт, аввал ҳама ҳамсояҳо гумон карданд, ки касе онҳоро дуздидааст. Аммо мардум аз намози шом то субҳи содиқ қадобаи рӯдхонаро то дарёи Вахш кофтанд ва дами саҳар ҷасади якеро болотар ва дигареро пойинтар пайдо кардаанд.

Ғайратшо ҳамчунин гуфт, дар он рӯз аз ин фоҷиа ҳама аҳли деҳа мотам дошт ва аз он ки барои гул рафта буданд, тобутҳои онҳоро бо гулҳои садбарг ороста карданд.

Аммо бибии ин хонадон, кампири Тилобибӣ, ки бо гиря сухан мегӯяд, дуо мекунад, ки Худованд ин рӯзро фарзанди одамиро дигар нишон надиҳад.

Ӯро зангҳои телефонии духтаронаш овард

Сокини дигари ин минтака Рустамҷон Одилов ин фоҷиаро як гӯшаи доғи ғарибӣ барои бисёре аз падарони муҳоҷир хонд. Ӯ гуфт, хеле мушкил аст, бисёре аз падарон дар дуриҳо аз хонаводаҳояшон ба сар мебаранд ва мутаассифона, чунин як ҳаводиси ғамангезе низ, ки забони инсон дар шарҳи он лол мемонад, рух медиҳад.

Шералӣ Болтаев, падари Моҳира ва Нодира мегӯяд, ӯ аслан нақша дошт бо расидани фасли пойиз ба Точикистон бозгашт намояд. Аммо ҳамин зангҳои бешумори духтаронаш буд, ки ӯ ба хонааш расид.

Ӯ гуфт, Моҳира ва Нодира дар дил орзуву ҳавасҳои зиёд доштанд, аммо ин ҳамаро ба хок бурданд. Ва дар холе, ки ин ду нафар барои гул рафта буданд, дар ҳавлии ин хонадон мо гулҳои зиёди садбаргро дидем ва силсилаборон ин гулҳоро сархам карда буд, вале дар назар гуё ин гулҳо бар қисмати талхи ин ду ғурамарг мегиристанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG