Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони тоҷик аз Русия $319 млн фиристодаанд


Хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли Бонки Марказии Русия иттилоъ додааст, ки муҳоҷирони кории тоҷик дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Русия 319 миллион доллар ба Тоҷикистон пул интиқол додаанд. Дар давоми ин муддат тавассути бонкҳои Русия нисбат ба ҳар ҷои дигар ба Узбакистон бештар пул интиқол дода шудааст ва маблағи он 383 миллион доллар будааст. Украина ва Тоҷикистон дар мақоми дуввум ва ин маблағ 319 миллион долларро ташкил додааст. Бино ба маълумоти Бонки Марказии Русия, дар семоҳаи аввал аз Русия ба хориҷ 2 миллиард доллар интиқол дода шудааст, ки 1 миллиарду 700 миллиони он ба кишварҳои Шӯравии собиқ рафтааст.
XS
SM
MD
LG