Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба муфтии мусулмонони Қирғизистон


Бино ба гуфтаи яке аз пайвандаш Суйун-ҳоҷӣ Қулуев, муфтии Идораи мусалмонони Қирғизистон, рӯзи душанбе, баъди хатми анҷумани ваҳдати динӣ аз сӯи афроди ношинос мавриди лату кӯб қарор гирифтааст.

Бар асари лату кӯби ин афрод миён, гурда ва мағзи сари Суйур-ҳоҷӣ Қулуев зарб хӯрдааст. Аммо дар мавриди ба кадом бемористон интиқол додани муфтии идораи мусалмонони Қирғизистон ягон иттилоъ дастрас нест.

Дафтари матбуоти вазорати дохилаи Қирғизистон гуфт, ки Суйун-ҳоҷӣ Қулуев дар бораи ин ҳодиса ва мавриди латту кӯб қарор гирифтанаш ба кормандони умури интизомӣ муроҷиат накардааст.

Ин манбаъ низ аз додани маълумоти бештар перомуни ҳамлаи афроди ношинос болои муфтии идораи муслмонон худдорӣ варзид.

Бояд гуфт, ки баъди ҳодисаҳои хунини 7 -ӯми апрел собиқ муфтии идораи мусалмонони Қирғизистон Муроталӣ-ҳоҷӣ Ҷуманов аз мақомаш истеъфо дод.

Се муфтӣ дар се моҳ иваз шуд

Баъди истеъфои Муроталӣ-ҳоҷӣ Ҷуманов шахсони номаълум ӯро ба канори шаҳри Бишкек бурдаанд ва пули зиёд талаб кардаанд. Ҳукумати муваққат ба ҷои ин муфтӣ Абдушукур-ҳоҷӣ Норматовро таъйин карда буд, вале оқои Норматов низ ба зудӣ аз мақоми муфтии идораи мусалмонони Қирғизистон ба истеъфо рафт.

Феълан, идораи муфтиёти Қирғизистонро Суйун-ҳоҷӣ Қулуев бар дӯш дорад. Гуфта мешавад, ки анҷумани умумии мусалмонони Қирғизистон барои доимӣ муфтиро интихоб хоҳад кард.

Муроҷиатҳои батакрори мо ба идораи муфтиёти Қирғизистон ва пайвандони ӯ беҷавоб монданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG