Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин:Таҳримҳои зидди Эрон амалан омода аст


Владимир Путин-нахуствазири Русия гуфт, қатъномаи нави Шӯрои Амнияти СММ бар зидди Эрон барои барномаҳои ҳастаиаш "амалан ба тавофуқ расидааст". Путин гуфт, ки вай дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони минтақа дар Туркия бо Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон мулоқот хоҳад кард. Путин афзуд:

"Мо фикр намекунем, ки қатъномаи Шӯрои Амният хориқулодда бошад ё Эрон, раҳбарияти он ва мардуми Эронро дар вазъе қарор диҳад, ки дар роҳи рушди нируи сулҳомези ҳастаӣ монеа эҷод кунад".

Аз сӯи дигар, Аҳмадинежод дар нишсти хабарие дар Истанбул ба Русия ҳушдор дод, ки аз душманони Эрон ҷонибдорӣ накунад.
XS
SM
MD
LG