Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули евро дар Тоҷикистон низ поин рафт


Арзиши евро дар баробари сомонӣ низ дар Тоҷикистон поин рафтааст. Дар ин бора Бонки Миллии Тоҷикистон хабар додааст. имрӯз арзиши 1 евро дар Душанбе ба 5 сомониву 30 дирам баробар аст, дар ҳоле, ки 1-ӯми июн 1 евро ба 5 сомониву 47 дирам баробар буд. Вале арзиши баробарии доллар бо сомонӣ устувор боқӣ мондааст ва ҳамчунон барои 1-доллар 4 сомониву 37 дирам медиҳанд. Арзиши рубли русӣ низ тибқи маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон 1,88 дарсад поин рафтааст. Имрӯз 10 рубли русӣ 1 сомониву 38 дирам арзиш дорад.
XS
SM
MD
LG